Тоҷикистон аз Қазоқистон кумаки башардӯстона дарёфт кард

© Посольство Республики Казахстан в Республике ТаджикистанЧрезвычайный и Полномочный Посол Республики Казахстан в Республике Таджикистан Валихан Туреханов принял участие в церемонии официальной передачи гуманитарной помощи Республике Таджикистан
Чрезвычайный и Полномочный Посол Республики Казахстан в Республике Таджикистан Валихан Туреханов принял участие в церемонии официальной передачи гуманитарной помощи Республике Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кумаки ирсолнамудаи Ҳукумати Қазоқистон ба Тоҷикистонро, ки аз даҳ вагони истиқоматӣ иборат аст, муовини директори Оҷонсии захираҳои давлатӣ қабул намуд
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон кумаки ирсолнамудаи Ҷумҳурии Қазоқистон қабул карда шуд.
Ба иттилои сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, дар маросими супоридани кумаки башардӯстона сафири қазоқ Валихон Тӯрахонов ва муовини директори Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ Соҳибҷон Зиёдуллоев ҳузур доштанд.
Манбаъ афзуда, ки кумаки ироанамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон аз даҳ вагони истиқоматӣ иборат аст.

"Бори башардӯстона ба муовини директори Оҷонсии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев супурда шуд", - омадааст дар хабари сафорат.

Гуфта мешавад, сафири Қазоқистон зимни супоридани кумак таъкид кард, ки Тоҷикистон шарики боэътимоди Қазоқистон буда, муносибату ҳамкориҳои ду кишвари бародар бар асоси дӯстиву ҳамсоягии нек, аз ҷумла дар соҳаҳои гуманитарӣ босуръат рушд ва таҳким меёбанд.
Маврид ба зикр аст, Қазоқистон дар қатори кишварҳое қарор дорад, ки Тоҷикистон бо он содироти бефосиларо ба роҳ мондааст. Ин кишвар шарики аслии Тоҷикистон дар содироти коло ба ҳисоб меравад.
Работа грузового контейнерного терминала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СҲШ номбар шудаанд
Тибқи маълумоти оморӣ, моҳҳои январ-марти соли 2022 ҳаҷми содироти маҳсулот 470 миллион доллар ва воридот беш аз 1,2 миллиард долларро ташкил дод.
Ҳамин тариқ 31,3% ҳаҷми умумии содирот ба саҳми Қазоқистон, ки дар харид пешсаф аст, рост омад. Дар маҷмуъ, дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ҳаҷми содироти коло ба Қазоқистон беш аз 147,2 миллион долларро ташкил додааст.
Лентаи хабарҳо
0