Чӯпонеро раъду барқ заду ду мактабхон дар об ҳалок шуд: гузориши КҲФ аз фоҷиаҳои гузашта

© Sputnik / Амир ИсаевПрирода в Таджикистане
Природа в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Обуна шудан
Тайи се рӯзи гузашта дар пайи ҳаводиси гуногун дар Тоҷикистон се тан ҳалок шудаанд, ки ду нафарашон хонанда мактаб будаанд
ДУШАНБЕ, 237 май — Sputnik. Як сокини 53-солаи деҳаи Заркони ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми чаронидани чорво дар пайи раъду барқ ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар пайи ин ҳодиса 27 сар чорвои хурд низ фавтидааст.
Ҳодисаи дигари нохушро ин ниҳод аз ноҳияи Дарвоз сабт кардааст.
Гуфта мешавад, як рӯз қабл соати 11:30 як хонандаи синфи 7 МТМУ №6 аз деҳаи Шикеви ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз ҳангоми оббозӣ дар рӯди Панҷ ғарқ шудааст.
Ҷисми марҳумро аҳолии деҳа пайдо кардаву ба волидонаш супурдаанд.
Ребенок в воде на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Ғарқу наҷоти се кӯдак аз як оила дар рӯзи ид: КҲФ гуфт, кӣ гунаҳгор
Ҳамчунин КҲФ аз худкушии як мактабхони дигар дар шаҳри Панҷакент гузориш медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, санаи 4-май соати 10:00 дақиқа хаонандаи синфи 8-уми МТМУ №15 шаҳри Панҷекат баъди дарс аз мактаб баромада, ба самти номаълум меравад ва касе дигар хабаре аз ӯ пайдо намекунад.
"Мақомот баъди дидани наворҳои камераҳои назоратии болои пӯли мошингузари ҷамоати деҳоти Хурмӣ мушоҳида кардаанд, ки мавсуф худро аз болои пӯл ба дарёи Зарафшон сарозер крадааст", - афзудааст манбаъ.
Ҷасади ӯро рӯзи 6-уми май пайдо ва ба наздиконаш супурдаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, Сабаби даст ба худкушӣ задани ин хонанда таҳқиқ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0