Шаҳрҳои офтобӣ: Русҳо Душанбеву Хуҷандро барои гузаронидани таътилоти май интихоб мекунанд

© Sputnik Девушка в маске на улице
Девушка в маске на улице  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сайёҳон аз Русия бо майли том ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таътилоти моҳи май парвоз мекунанд ва Тоҷикистон ба яке аз самтҳои маъмултарин табдил ёфтааст
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Баҳори имсол русҳо бо омодагӣ ба кишварҳои ИДМ ва кишварҳои ҳамсоя сафар мекунанд, то таътили кӯтоҳи моҳи майро дар шаҳрҳои офтобӣ гузаронанд.
Дар моҳи май ба парвозҳо аз Маскав ба Ереван, Истанбул, Боку, Тошканд ва Ӯш бештар талабот доранд, менависад Tutu.ru.
Маҳз ҳамин панҷ самт 17 дарсади ҷустуҷӯи чиптаҳои ҳавопаймоиро ташкил медиҳад, аммо умқи фармоиши чиптаҳои ҳавопаймо дар хориҷ аз кишвар паст боқӣ мемонад.
"Саёҳаткунандагонро ҳамчунин шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд, Бишкек, Алмаато, Кишинёв, Минск, Тифлис, Самарқанд ва Урганҷ ҷалб мекунанд", - гуфт манбаъ.
Бундан ташқари, Тель-Авив, Белград, Дубай ва Анталия каби хорижий йўналишларда ҳам талаб юқори бўлган.
Ҳамин тавр, дар охири моҳи апрел - 13,6% русҳо аллакай парвозҳо анҷом доданд, 68,4% дигар барои моҳи май чипта хариданд ва 12,4% дар моҳи июн ба рухсатӣ мераванд.
Қаблан маълум шуд, ки пойтахти Тоҷикистон аз ҷониби бошандагони Санкт-Петербург барои сафар ба як макони маъмул табдил мешавад.
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Душанбе дар Русия маъруфияти бештаре пайдо кардааст
Дар ин бора омори фурудгоҳи "Пулково" дар 4 моҳи аввали соли 2022 шаҳодат медиҳад. Дар ин давра гардиши мусофиркашонии фурудгоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 9 фоиз афзуда, қариб ба 4,5 миллион нафар расидааст.
Ёдовар мешавем, ки Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ то 13 май парвозҳоро ба фурудгоҳҳои Анапа, Брянск, Белгород, Геленджик, Воронеж, Курск, Краснодар, Липтск, Ростов, Симферопол ва Элистаи Русия маҳдуд кард.
Ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия амр шудааст, ки парвозҳо бо ҳавопаймоҳоро дар реестри хориҷӣ аз 6 март ва аз хориҷ аз 8 март бо мақсади пешгирӣ аз боздт қатъ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0