Душанбе мизбони Қаҳрамонии CAFA-2022 миёни наврасон мешавад

© пресс-служба ФФТЮношеская сборная Таджикистана уступила Cеверной Македонии
Юношеская сборная Таджикистана уступила Cеверной Македонии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Обуна шудан
Рақобатҳои ин мусобиқот аз рӯи системаи даврӣ дар як давр сурат гирифта, дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад
ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола баргузор мешавад.
Ин мусобиқа аз 13 то 20 май доир шуда, панҷ даста барои дарёфти унвони беҳтарин тими минтақа мубориза мебаранд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ФФТ, дар чемпионат мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.

Дар маҷмӯъ дар доираи чемпионати CAFA-2022 байни наврасон (U-16) даҳ бозӣ баргузор мешавад.
Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегарданд.

Тибқи низомнома чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои наврасони то 16-сола аз рӯи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.
Рустами Эмомали провел встречу с президентом Азиатской футбольной Конфедерации Шейх Салманом бин Ибрагим Аль-Халифа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Рустами Эмомалӣ бо Шайх Салмон имрӯзу ояндаи футболи тоҷикро баррасӣ карданд
Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон бозиҳояшро аз даври дуввуи оғз карда нахуст бо яккачини Қирғизистон 16 май вориди сабқат мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов ҳоло дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА, ки дар Скопйе (Македонияи Шимолӣ) ҷараён дорад, ширкат мекунад.
То кунун мунтахаби кишвар ду бози анҷом дода, аз Македонияи Шимолӣ аз рӯи зарбаҳои ёздаҳметрӣ бо шисоби 4:5 шикаст хӯрд ва бар тими Ҳондурас бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Бозии дигарашро яккачини кишвар фардо бо Косово анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0