Ғарқу наҷоти се кӯдак аз як оила дар рӯзи ид: КҲФ гуфт, кӣ гунаҳгор

© PixabayРебенок в воде на закате, архивное фото
Ребенок в воде на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон рӯзи Иди Рамазон се кӯдаки як хонаводаро аз об наҷот додаанд, ки ба гуфти мақомот дар пайи бепарвоии волидайн ин ҳодиса сар задааст
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз як ҳодисаи шокикунанда хабар медиҳад, ки дар сурати набудани роҳгузаре як оиларо ба мотам менишонд.
Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи Иди Рамазон 2 майи соли 2022 тахминан соатҳои 10:25 дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ваҳдат шаҳри Левакант, се кӯдаки хурдсол дар канали обгузари назди деҳа ғарқ шудаанд.
Қисми навбатдори ШКВД шаҳри Левакант бо дарёфти хабар ба кормандони КҲФ шузориш медишад.
"Вақте дастаи наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд, маълум шуд, ки Ашӯрмаҳмад Юсуфов, сокини ҳамин деҳа тифлакони ғарқшударо наҷот додааст", - афзудааст КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, духтаракон ҳама узви як оила буда, 3 – 7 сол доштанд ва ҳодиса дар пайи беназоратии волидонашон сар задааст.
Гуфта мешавад, ин се нафар дар рӯзи ид хостанд аз канали деҳа убур кунанд, вале дар об сарозер шудаанд. Ашӯрмаҳмад раҳгузари тасодуфӣ буд, ки ин манзараро дида зуд худро ба об андохт ва онҳоро аз марг наҷот дод.
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Ғарқшавӣ ва фавти кӯдаки ноболиғ дар Хатлон: КҲФ сабабашро гуфт
Ин ниҳод мегӯяд, дар айни замон саломатии ду нафари онҳо хуб аст, аммо духтари сеюмро дар ҳоли вазнин дар бемористон бистарӣ карданд. Духтурон дар айни замон саломтии ӯро рӯ ба беҳбудӣ арзёбӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем ин нахустин ҳолат набуда, авохири моҳи қаблӣ низ КҲФ аз марги як кӯдак дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ хабар дода буд.
Гуфта мешуд, ин ҳодисаи нохуш низ ба сабаби бепарвоии волидон ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз ҷониби кӯдаки ноболиғ рух додааст.
Лентаи хабарҳо
0