Мушакандозӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон: марзбонӣ гуфт, ҷои нигаронӣ нест

© AP / Burt HermanНа таджикский-афганской границе, архивное фото
На таджикский-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба дунболи Ӯзбекистон ҳамакнун ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон сурат гирифт, аммо мақомот мегӯянд ҷойи нигаронӣ надорад
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ҳамлаи мушакӣ аз марзҳои Афғонистон ба қаламрави ин кишварро таъйид карданд.
Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистон мавриди ҳамлаи мушакии як гуруҳи террористӣ қарор гирифтааст.
Як манбаъ дар Раёсати марзбонии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз марзи Афғонистон ба ҳисоб 7 мушак ба марзи Тоҷикистон дар минтақаи Фархор андохта шудааст, ки чор ракета дар дарёи Ому афтода, се адади дигараш ба ҷангалҳои лаби дарё афтодаанд.
Стрельба из АК-47 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Изҳороти ҷониби Ӯзбекистон дар бораи тирпаронӣ дар марз бо Афғонистон
“Ҳеҷ осебе ба марзбонон ё посгоҳи мо нарасидааст. Сарбозони мо мошинеро, ки дар он террористон буданд, дар ҳамон марзи Афғонистон аниқ нишон гирифтанд. Мошинашон пурра дар пеши чашми марзбонони мо сӯхт. Се террорист захмӣ шудаанд, яке ҳам шадид. Як ҳодисаи ҷиддӣ нест. Мардуми Тоҷикистон бояд нигарон набошанд”, - гуфт ӯ.
Қаблан расонаҳои Афғонистон аз қавли пулиси толибон хабар доданд, ки чаҳор террорист савори як сабукрави сароча (седан) – и навъи “Тайота Королла” дар минтақаи Қафлотуни вулусволии Хоҷаи Ғори вилояти Тахор пайдо шуда, аз як силоҳи худсохти “БМ 1” чаҳор мушак ба марзҳои Тоҷикистон андохт карданд.
Ин расонаҳо сӯхтани мошини террористонро таъйид кардаанд.
Ҳамзамон ин расонаҳо навиштанд, ки толибон ин ҳамларо кори дасти ДОИШ* ва сокинони маҳал кори дасти Ҷамоати Ансоруллоҳи* террористони тоҷикистонӣ арзёбӣ кардаанд.
Президент РФ В. Путин провел совещание по развитию агропромышленного и рыбохозяйственного комплексов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Хатар аз ҷануб. Таваҷҷуҳи Путин ба вазъ дар Афғонистон
Ин бори дуввум аст, ки дар як моҳи охир аз Афғонистон ба марзи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамлаи мушакӣ сурат мегирад. Аммо огаҳони ҳол мегӯянд, ки мушакҳои сохтаи террористон сарак надорад ва дур рафта наметавонад.
18 апрел ва ахиран панҷуми май низ марзи Ӯзбекистон низ аз вулусволии Шӯртеппаи вилояти Балх мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифта буд.
Масъулияти онро гуруҳи террористии ДОИШ* ба дӯш гирифта буд. Ҳамлаи ба марзи Тоҷикистонро то ба ҳол ҳеҷ созмон ба дӯш нагирифтааст.
* Созмони террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ.
Лентаи хабарҳо
0