Русия додани патент барои муҳоҷиронро содатар мекунад

© Sputnik / Денис Гришкин / Гузаштан ба хазинаи аксПосетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахаров
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Барои гирифтани иҷозатномаи кор дар Русия имкон мешавад, ки камтар ҳуҷҷат пешниҳод кард ва ин тартиб то охири соли 2022 амалӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Русия қоидаҳои гирифтани патенти меҳнатиро барои муҳоҷирон содатар мекунад.
Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба як соли пеш барои додани иҷозатнома камтар ҳуҷҷат талаб мекунад, хабар медиҳад "МК".
Лоиҳаи фармоне, ки барои ин зарур аст, аллакай тайёр карда шудааст. Дар сурати ба имзо расидани санад, тамдиди патент барои коргарони хориҷӣ хеле осонтар мешавад.
Дар назар аст, ки ду талабот аз рӯйхати ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ хориҷ карда шаванд.
Якум, аризаи корфармо дар бораи тамдиди патент мебошад. Дуюм, шартномаи меҳнатӣ ё ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ки ҳамчун тасдиқи он аст, ки шаҳрванди хориҷӣ воқеан нияти кор дар Русияро дорад.
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Маълум шуд, ки чӣ қадар тоҷикон ба Русия омадаанд
Ҳамин тариқ, барои тамдиди патент ба муҳоҷир танҳо бояд ариза, шиноснома, суғуртаи тиббӣ ва шаҳодатномаҳои тиббӣ пешниҳод карда шавад.
Қарор аст, барои соли ҷорӣ 2022 тартиби махсуси кор бо муҳоҷирон дар Русия муқаррар карда шавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Русия аз аввали сол шаҳрвандони хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ду маротиба бештар патент гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин муддат беш аз 271 ҳазор патент барои кор дода шудааст. Дар ҳамин ҳол, дар ҳамин давраи соли 2021 ин рақам ба 112 ҳазор нафар баробар буд.
Илова бар ин, ба гуфтаи ин ниҳод, теъдоди муҷаввизҳои кор дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ низ тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
Дар семоҳаи аввали соли 2021 - 229 ҳазор ва дар соли 2022 - 517 ҳазор нафар иҷозатномаи кор дарёфт кардаанд.
Мутахассис оид ба муҳоҷират Дмитрий Полетаев таъкид кард, ки бозорҳои кории фазои Авруосиё, ки муҳоҷирон вориди он мешаванд, кайҳо ташаккул ёфтаанд. Хориҷиён кор дар Русияро афзалтар медонанд.
Барои муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, Маскав, Санкт-Петербург, вилояти Ленинград ва вилояти Маскав, инчунин Краснодар, вилояти Свердловск, Приморск ва дигарҳо ҷолибтарин будаанд.
Лентаи хабарҳо
0