Рӯзи ғалабаро дар Тоҷикистон чӣ гуна таҷлил мекунанд

© Sputnik Украшения к 9 мая в Душанбе перед празднованием
Украшения к 9 мая в Душанбе перед празднованием - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар маросими гузоштани гулчанбар сарвари давлат, собиқадорон иштирок намуда, роҳбарони идораҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ даъват шудаанд
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Рӯзи 9 май дар Тоҷикистон 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 таҷлил мешавад.
Дар ин рӯз дар Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе маросими гулчанбаргузорӣ дар назди "Оташи ҷовидон" баргузор мешавад.
Тавре қаблан хабар дода шуда буд, дар ин маросим раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад кард.
Дар ин чорабинӣ собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ, аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, раҳбарони идораҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон низ ширкат хоҳанд кард.
Эмомали Рахмон принял участие в церемонии возложения венков в честь 75-летия Победы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Иштироки Раҳмон дар маросими гулчамбаргузорӣ дар Рӯзи ғалаба
Рӯзи ғалаба дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ бо чорабиниҳои идона таҷлил мегардад.
Рӯзи 5 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” ифтитоҳ ёфт. Намоишгоҳ ба 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ бахшида шудаанд.
Намоишгоҳро то 15 май тамошо кардан мумкин аст. Дар намоишгоҳ аз Фонди осорхонаи миллӣ беш аз 80 расму нимпайкараҳои нодир, ҳуҷҷату аксҳо гузошта шудаанд.
Тамошобинон бо ордену медалҳое шинос мешаванд, ки дар бораи шуҷоат ва фидокории ҷанговарони Ҷанги дуюми ҷаҳон нақл мекунанд.
Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи ғалаба рӯзҳои 7 ва 8 май як консерти калон баргузор мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлил аз Рӯзи ғалаба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Кумаки 15-ҳазории Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як аз куҳнасарбози ҶБВ
Дар барномаи фарҳангӣ сурудҳои солҳои ҷанг, инчунин композисияҳои замонавӣ намоиш дода, порчаҳо аз намоишномаҳои театрӣ пешкаши ҳозирин дода мешаванд. Дар ин ҷашн хонандагони мактаби санъати ба номи Аминзода ҳунарнамоӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 Ҷашни ғалабаро дар Тоҷикистон 59 сарбозе, ки дар набардҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ширкат кардаанд, таҷлил хоҳанд кард.
Дар маҷмуъ аз Тоҷикистон дар Ҷанги бузурги ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсар ширкат карда, 45 ҳазор нафар дар ақибгоҳ хидмат кардаанд.
Аз ин шумор беш аз 100 ҳазор нафар ба Ватан барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар сокини кишвар бо медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Дар баробари ин ба 55 нафари онҳо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шуд.
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Раиси Суғд: Мардуми тоҷик ҳич гоҳ қаҳрамонии фарзандонашро дар ҶБВ фаромӯш нахоҳад кард
Бино бар охирин маълумоти ахир, дар шаҳри Душанбе 9 нафар, дар вилояти Суғд 19 нафар, дар вилояти Хатлон 18 нафар, дар шаҳри Турсунзода 2 нафар, дар ноҳияи Рӯдакӣ 1 нафар, Шаҳринав 3 нафар, Ҳисор 3 нафар ва 2 нафар дар Варзоб, Файзобод — 1, Сангвор — 1нафар собиқадорон ба сар мебаранд.
Куҳансолтарин иштирокчии ҶБВ Рашид Каримов, ки дар шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад, 110 сол дорад. Рашид Каримов 9 майи соли 1912 таваллуд шудааст.
"Ҷавонтарин" собиқадорони ҶБВ Салом Сафаров аз ноҳияи Варзоб ва Раҷаб Қурбонов аз ноҳияи Сангвор 96-сола шуданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки раҳбари Тоҷикистон фармон дар бораи то 9 май пардохтани кумакҳои моддӣ ба иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватаниро имзо кардааст. Ба ҳар як собиқадорон 15 000 сомонӣ (1200 доллар) пардохт хоҳад шуд.
Кӯмаки молиявӣ ба иштирокчиён ва маъюбони ҷангӣ аз ҷониби мақомоти вилоятӣ ва шаҳру навоҳӣ низ дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0