Тоҷикистон воридоти таҷҳизотро афзоиш дод

© AP / Ted S. WarrenГрузовые контейнеры, архивное фото
Грузовые контейнеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мошину таҷҳизот, маҳсулоти маъданӣ ва кимиёвӣ, инчунин металлҳои ғайриқиматбаҳо ва маснуоти аз он омодашуда беш аз 53 фоизи ҳаҷми умумии воридотро ташкил кард
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон теъдоди молҳои воридотӣ хеле афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, аз аввали соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти маъданӣ 1,7 баробар афзоиш ёфтааст. Маблағи воридоти ин маҳсулот беш аз 24 миллион доллар арзёбӣ мешавад.
Ба номгӯи воридоти маҳсулоти маъданӣ маҳсулоти нафтӣ, маъдан ва консентратҳо дохил мешаванд.
Гуфта мешавад, ки аз авоили соли ҷорӣ мошину таҷҳизот, маҳсулоти маъданӣ ва кимиёвӣ ва филизоти ғайриқиматбаҳо ва маснуоти аз онҳо сохташуда беш аз 53 дарсади ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистонро аз рӯи гурӯҳҳои асосии моли воридотӣ ташкил додааст.
Доллары в миниатюрной тележке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Тоҷикистон тиҷоратро бо кишварҳои ИДМ афзоиш дод
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, ҳиссаи маҳсулоти маъданӣ дар воридоти гурӯҳҳои асосии молӣ 20%-и ҳаҷми умумиро ташкил дод. Ин рақам дар воридоти мошину таҷҳизот 10,4 фоизро ташкил дод.
Ҳаҷми воридоти мошину таҷҳизот беш аз 147,3 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли 2021 24,7 фоиз зиёд мебошад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 43% афзоиш ёфтааст.
Дар маҷмӯъ Тоҷикистон ба ин давлатҳо ба маблағи беш аз 217,7 миллион доллар коло содир карда, беш аз 683,3 миллион доллар ворид кардааст.
Работа грузового контейнерного терминала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СҲШ номбар шудаанд
Дар бобати ҳаҷми умумии муомилоти мол бо мамлакатҳои хориҷӣ бошад, дар садри аввал ҳоло ҳам Россия мебошад.
Ҳаҷми гардиши мол миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ беш аз 364,9 миллион сомониро ташкил додааст.
Воридоти мол ба ҷумҳурӣ аз Русия 28,3% аз ҳаҷми умумии воридот, 20,1% Чин ва 17,1% Қазоқистон сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0