Маълум шуд, ки чӣ қадар тоҷикон ба Русия омадаанд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксСитуация у миграционного центра в Подмосковье
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар байни хориҷиёне, ки аз аввали соли 2022 ба қаламрави Русия омадаанд, дар ҷои чаҳорум қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Аз аввали соли 2022 беш аз 333 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия рафтаанд. Чунин маълумот аз омори Хадамоти марзбонии ФСБ-и Русия бармеояд.
Ба ин тартиб, шаҳрвандони Тоҷикистон дар байни хориҷиёне, ки ба қаламрави Русия омадаанд, дар ҷои чаҳорум қарор гирифтанд.
Қайд мешавад, ки Украина дар моҳҳои январ-марти соли 2022 аз рӯи вуруд пешсаф шуд - аз ин кишвар ба Федератсияи Русия ҳудуди 770 ҳазор нафар омадаанд.
Ӯзбекистон дар ҷои дувум қарор дорад - беш аз 450 ҳазор нафар аз ӯзбекҳо тасмим гирифтанд, ки ба Русия раванд. Аз Қазоқистон 348 ҳазор нафар ва аз Қирғизистон 153 ҳазор нафар омадаанд.
Дар ҳамин ҳол, тавре аз маълумот бармеояд, шумори умумии сафарҳои хориҷӣ ба Русия дар се моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34% афзуда ба 2,7 миллион ва сафар ба хотири саёҳат қариб 77% афзудааст.
Девушка в маске на улице  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Шаҳрҳои офтобӣ: Русҳо Душанбеву Хуҷандро барои гузаронидани таътилоти май интихоб мекунанд
Қаблан хабар дода шуда буд, ки тоҷикон дар барномаи кӯчонидани ҳамватанон дар Федератсияи Русия пешсаф шудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, аз аввали соли 2022 аллакай 16 ҳазор нафар дар доираи ин барнома ба Федератсияи Русия кӯчиданд.
Маълум шуд, ки аксари муҳоҷирон шаҳрвандони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Арманистон мебошанд.
Ҳамчунин, шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи афзоиши муҳоҷирон дар вилояти Смоленск дар байни онҳое, ки соли 2021 барои кор омадаанд, дар миёни кишварҳои ИДМ пешсаф шудаанд. Дар маҷмуъ 1,3 ҳазор тоҷикистонӣ ба вилоят омадаанд.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ барои соли 2021, муҳоҷирони тоҷик аз рӯи дарёфти шаҳрвандони Русия дар ҷои дуюм қарор гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0