Эмомалӣ Раҳмон раиси Хоруғро таъйин кард

© Пресс-служба Президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2022
Обуна шудан
Назарзода Ризо Шодӣ аз моҳи ноябри соли гузашта то ҳол ба ҳайси иҷрокунандаи раиси шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии ВМКБ фаъолият дошт
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Назарзода Ризо Шодиро раиси шаҳри Хоруғ таъйин кард. Ӯ то ҳол иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ буд.
Фармони таъйиноти Ризо Назарзода дар пойгоҳи асноди ҳуқуқии Тоҷикистон нашр гардидаст.
Назарзода то ноябри соли 2021 дар мақоми муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон фаъолият дошт, ки бо дастури раисҷумҳур аз ин вазифа озод ва дар Хоруғ иҷрокунандаи вазифаи раис таъйин шуд.
Город Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2022
Иқдом барои афзоиши занони роҳбар дар ВМКБ
Ӯ дар мақоми раиси Хоруғ Мирзонабот Алишер Худобердиро иваз кард, ки ба вазифаи раиси ВМКБ таъйин гардида буд.
Ёдгор Файзов, ки аз соли 2018 то ноябри 2021 дар мақоми раиси ВМКБ фаъолият дошт, феълан ба иттилои наздиконаш дубора ба кор ба созмонҳои байналмилалӣ даъват шудааст.
Ӯ қаблан низ роҳбарии Бунёди Оқохон оид ба рушд дар Тоҷикистонро ба уҳда дошта, замони роҳбарияш дар ВМКБ ҳамчун раиси хоксору мардумӣ миёни сокинон шинохта шуд.
Лентаи хабарҳо
0