Баргузории "Ҳанги ҷовидон" дар даҳҳо кишвари ҷаҳон

© Sputnik / Густаво Вальенте / Гузаштан ба хазинаи аксАкция "Бессмертный полк" за рубежом
Акция Бессмертный полк за рубежом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон", ки бахшида ба пирӯзӣ бар фашизм дар даҳҳо кишвари ҷаҳон бо дастгирии шаҳрвандони русзабону сокинони маҳаллӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Кишварҳои гуногуни ҷаҳон шоҳиди баргузории "Ҳанги ҷовидон" ба хотири 77-умин солгарди ғалаба бар нозигароӣ шуданд.
Аз ҷумла "Ҳанги ҷовидон" дар шаҳри Сидней барпо гардид, иттилоъ дод, дафтари матбуоти сафорати Русия дар Австралия.
"Ба ин иқдом ҳамватанон аз дигар шаҳрҳои Австралия ҳамроҳ шуданд. Кормандони намояндагиҳои Русия дар Сидней низ дар кӯчаҳои марказии шаҳр ва майдони Мартин - Плейс раҳпаймоӣ карданд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин ба ифтихори рӯзи Ғалаба дар шаҳрҳои Сидней, Мелбурн, Перт ва Брисбен аҳолии русзабон пойгаи мотосиклронӣ ташкил карданд. Дар баробари ин интизор меравад, ки дар Перт маросими гулчанбаргузорӣ рӯзи 9 май баргузор шавад.
Маъракаи "Ҳанги ҷовидон" дар назди сафорати Русия дар Туркия бо иштироки беш аз 300 кас сурат гирифтаст.
Вечный огонь торжественно передают из руки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2022
Чӣ гуна "Оташи хотира"-ро дар кишварҳои хориҷӣ истиқбол гирифтанд - видео
"Ҳанги ҷовидон" дар Итолиё дар майдони назди калисои Рим садҳо нафарро гирди ҳам овардааст. Иштироккунандагони роҳпаймоӣ бо парчамҳои сурх ва акси собиқадорони ҶБВ дар майдони Франсиси муқаддар роҳпаймоӣ намудаанд.
Дар Бейрут гузашти ботантанаи "Ҳанги ҷовидон" бо ҳузури оркестр баргузор шуда, садҳо ҳамватанон ва шаҳрвандони Лубнон ба ин иқдом ҳамроҳ шуданд.
Дар Чин соли 7-ум аст, ки дар шаҳрҳои мухталиф ба ифтихори солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ раҳпаймоӣ баргузор мешавад. Ин дафъа "Ҳанги ҷовидон" дар назди сафорати Русия дар Пекин баргузор шуд.
Илова бар ин, дар Испания, Эквадор, Венесуэла, Бразилия, Уругвай ва дигар кишварҳои ҷаҳон бахшида ба Ғалаба бар фашизм роҳпаймоӣ сурат гирифтааст.
"Ҳанги ҷовидон" иқдомест, ки дар Русия ва хориҷи кишвар ба хотири абадӣ гардонидани хотираи иштирокчиён ва қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ баргузор мешавад. Он нахуст 9 майи соли 2012 дар Томск бо ибтикори хабарнигорони маҳаллӣ баргузор шуда, соли 2013 дар саросари кишвар ва баъдан дар хориҷ низ ба ҳукми анъана даромад.
Дар Тоҷикистон баргузории "Ҳанги ҷовидон" 9-уми май Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0