Ҳушдори Рогозин ба Маск аз паёмади додани интернет ба артиши Украина

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксГенеральный директор госкорпорации "Роскосмос" Дмитрий Рогозин на Петербургском международном экономическом форуме - 2021
Генеральный директор госкорпорации Роскосмос Дмитрий Рогозин на Петербургском международном экономическом форуме - 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раҳбари "Роскосмос" ба хабарҳо дар мавриди таъмини низомиёни украинӣ бо василаи иртиботот аз сӯи соҳибкори амрикоӣ вокуниш нишон додааст
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Соҳибкор ва муассиси "SpaceX" ва "Tesla" Илон Маск барои таъмини артиши Украина бо таҷҳизоти мухобиротӣ ҷавоб хоҳад дод.
Ин нуктаро Дмитрий Рогозин, раиси корпоратсияи давлатии "Роскосмос" дар саҳифааш дар "Telegram" баён доштааст. Ӯ таъкид намудаст, ки Маскро зарур меояд, "ҳамчун нафари калонсол барои кори анҷомдодааш посух гӯяд".
Вай изҳор доштааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо дастгирии Пентагон аз "Starlink" қуттиҳои қабулу фиристандаи интернетро гирифтанд.
"Аз ин рӯ, Илон Маск ба таъмини нирӯҳои фашистӣ дар Украина бо иртиботи низомӣ машғул аст. Барои ин кор ҷавоб хоҳад гуфт", - ҳушдор дод Рогозин.
Полковник Дмитрий Кормянков, сардори ситоди бригадаи 36-уми нерӯҳои украинӣ, ки қаблан асир гирифта шуда буд, гуфт, моҳвораҳои "Starlink"-и соҳибкори амрикоӣ онҳоро дар Мариупол бо интернет таъмин мекунад.
Илон Маск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2022
Маск гуфт, дар "Twitter" чиро тағйир медиҳад
Вай изҳор дошт, ки дастгоҳҳои қабулу паҳнсозии интернетро аз тариқи чархбол дастрас карда, бо истифода аз хизматрасонии ин ширкат бо хонаводаҳояшон дар тамос буданд. Дар зимн зикр шудаст, ки бо ҳайати фармондеҳӣ аз тариқи моҳвора дар тамос буданд, чун "Starlink" танҳо интернет медод.
Ин ширкат дар чаҳорчӯби лоиҳаи интернетии "кайҳонӣ" тақрибан 2 ҳазор моҳвораро ба мадори замин баровардааст. Маск ба ирсоли дастгоҳҳои "Starlink" ба Украина баъди он шурӯъ кард, ки вазири иртибототи рақамии Украина Михаил Федоров аз ӯ кумак хост.
Лентаи хабарҳо
0