Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Маълум шуд, ки ҳамлаи мушакӣ ба хоки Тоҷикистон кори дасти кист

© Sputnik / Амир Исаев / Гузаштан ба хазинаи аксПограничники на Таджикско-афганской границе вдоль реки Памир.
Пограничники на Таджикско-афганской границе вдоль реки Памир. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сомонае, ки изҳороту иддаои созмонҳои террористию экстремистиро пайгирӣ мекунад, дар бораи ҳамлаи ахири мушакӣ ба марзи Тоҷикистон баёния нашр кардаст
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Гуруҳи хуросонии созмони террористии "ДИИШ"* масъулияти ҳамлаи мушакӣ ба хоки Тоҷикистонро ба уҳда гирифтаст.
Дар ин бора "Site Intelligence Group" хабар додаст, ки изҳороти созмонҳои террористиро пайгирӣ мекунад.
Дар изҳороте, ки аз қавли "ДИИШ" * дар ин пойгоҳ нашр шудаст, таъкид гардидаст, ки партоби мушакҳо кори дасти аъзои ин гуруҳ мебошад.
Ин дар ҳолест, ки манобеъ аз мақомоти Тоҷикистон ҳамлаи мушакӣ аз марзҳои Афғонистон ба қаламрави ин кишварро таъйид карданд, аммо изҳор дошт, ки мояи нигаронӣ нест.
Як манбаъ дар Раёсати марзбонии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз марзи Афғонистон ба ҳисоб 7 мушак ба минтақаи Фархор андохта шудааст, ки чор ракета дар дарёи Ому афтода, се адади дигараш ба ҷангалҳои лаби дарё афтодаанд.
На таджикский-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Мушакандозӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон: марзбонӣ гуфт, ҷои нигаронӣ нест
“Ҳеҷ осебе ба марзбонон ё посгоҳи мо нарасидааст. Сарбозони мо мошинеро, ки дар он террористон буданд, дар ҳамон марзи Афғонистон аниқ нишон гирифтанд. Се террорист захмӣ шудаанд, яке ҳам шадид”, - гуфт ӯ.
Манбаъ таъкид кард, ки ин ҳодисаи ҷиддӣ нест ва мардуми Тоҷикистон бояд нигарон набошанд
Қаблан расонаҳои Афғонистон аз қавли пулиси толибҳо хабар доданд, ки чаҳор террорист савори як сабукрави сароча (седан) – и навъи “Тойота Королла” дар минтақаи Қафлотуни вулусволии Хоҷаи Ғори вилояти Тахор пайдо шуда, аз як силоҳи худсохти “БМ 1” чаҳор мушак ба марзҳои Тоҷикистон андохт карданд.
Ин расонаҳо сӯхтани мошини террористонро таъйид кардаанд.
Ҳамзамон ин расонаҳо навиштанд, ки толибон ин ҳамларо кори дасти ДОИШ* ва сокинони маҳал кори дасти Ҷамоати Ансоруллоҳи* террористони тоҷикистонӣ арзёбӣ кардаанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кившарҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0