То 38 дараҷа гарм: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешЖенщина с зонтиком от солнца, архивное фото
Женщина с зонтиком от солнца, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикстон дар ҷумҳурӣ ҳавои камабру беборишро пешгӯӣ мекунад. Ҳарорат ҳатто дар шарқи ВМКБ шабона аз сифр боло мешавад
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Ҳарорати ҳаво дар бархе аз навоҳии ҷануби Тоҷикистон то 38 дараҷа мерасад. Боришот дар ҷумҳурӣ дар назар нест, хабар дод "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.
Манбаъ афзуд, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 2+3 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм дар назар аст.
Таъкид шудаст, ки дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо шиддати шамол то 13-18 метр дар як сония мевазад.
"Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад", - омадаст дар иттилоя.
Водохранилище Таджикское море - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
"Баҳри тоҷик"-ро барои обхезии эҳтимолӣ омода кардаанд
Ҷануби Тоҷикистон - вилояти Хатлонро низ гармӣ фаро мегирад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои бебориш дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+14 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа гарм ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0