Дар Душанбе "Ҳанги ҷовидон" бо ҳузури садҳо нафар баргузор шуд

© Sputnik "Бессмертный полк" в Душанбе
Бессмертный полк в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сокинону меҳмонони пойтахт ба ифтихори 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ то боғи "Ғалаба" раҳпаймоӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар Душанбе "Ҳанги ҷовидон" баргузор шуд. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон шоҳиди ин чорабинӣ буд. Иштирокчиён аз хиёбони Дӯстии халқҳо то боғи "Ғалаба" роҳпаймоӣ намуданд.
Барои гиромидошти аҷдодони дар Ҷанги бузурги ватанӣ қурбонишуда садҳо нафар аз сокинону меҳмонони пойтахт ба кӯчаҳо баромаданд. Дар байни онҳо ҳам ҷавонон ва ҳам собиқадорон низ буданд.
Пас аз расидан ба боғи "Ғалаба", иштирокчиён назди "Оташи абадӣ" саф оростанд ва ҳама бо як овоз суруди "Катюша"-ро хонданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Паёмии шодбошии Раҳмон ба муносибати Рӯзи пирӯзӣ
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон то кунун 57 сарбози Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 боқӣ мондааст.
Тибқи маълумоти расмӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ (1941-1945) ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд.
Аз ин теъдод беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 55 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0