То 38 дараҷа гарм: ҳавои Тоҷикистон низ идона аст

© Sputnik Жители города Душанбе отдыхают в парке
Жители города Душанбе отдыхают в парке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дамои ҳаво дар рӯзи таҷлил аз 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ офтобист. Ҳавосанҷон то 38 дараҷа гармиро пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар ВМКБ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ба иттилои Оҷонсии ҳавошиносӣ, дар ғарби вилоят дамои ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар қисмати шарқӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 13-18 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол дар як сония ба 13-18 метр мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 33-38 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Рӯзона 29-34 ва шабона 13-18 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 15-17 ва рӯзона 32-34 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0