Гулчанбаргузории Раҳмон назди “Оташи ҷовидон” дар Душанбе

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон во время возложение венка к Вечному Огню в Парке Победы в Душанбе
Эмомали Рахмон во время возложение венка к Вечному Огню в Парке Победы в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе дар маросими таҷлили 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги бузуги ватанӣ иштирок кард
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба поси хотири афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги бузурги ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузошт.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро дар боғи "Ғалаба" раиси Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиа Шералӣ Мирзо истиқбол гирифтанд.
Дар маросим ҳамчунин сарвазир, собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва пойгоҳи ҳарбии 201-и Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузоштанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Паёмии шодбошии Раҳмон ба муносибати Рӯзи пирӯзӣ
Ёдрас менамоем, чанде пеш Уктам Акрамов, муовини раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти кишвар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар Душанбе ба муносибати 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ "Ҳанги ҷовидон" ва гузашти низомӣ доир мегардад.
Номбурда гуфт, субҳ дар боғи "Ғалаба" нахуст гузашти низомӣ доир мешавад ва баъд аз он маросими "Ҳанги ҷовидон" доир хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон то кунун 57 сарбози Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 боқӣ мондааст.
Тибқи маълумоти расмӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ (1941 – 1945) ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд.
Аз ин теъдод беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 55 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0