Гузашти низомӣ дар Рӯзи пирӯзӣ дар Маскав - видео

Обуна шудан
Дар гузашти низомӣ 11 ҳазор нафар ва 131 техникаи низомӣ, аз ҷумла танки Т-34-85, ҳамчунин ҳавопаймои "Рӯзи қиёмат" ширкат мекунанд
Дар майдони "Сурх"-и Маскав ба ифтихори 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ паради низомӣ оғоз шуд.
Дар соли 2022 дар раҳпаймоӣ 11 ҳазор нафар ва ҳамчунин 131 воҳиди техникаи низомӣ ширкат хоҳанд кард.
Аз майдони "Сурх" 33 афсар, сержант ва сарбозони қисмҳои ҳарбии Округи ҳарбии ғарбӣ, донишҷӯён ва курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, хонандагони мактабҳои ҳарбии Суворов ва Нахимов, Корпуси кадеттии Кронштадт ва аъзои ҳаракати умумироссиягии "Юнармия", инчунин намояндагони дигар органҳои муҳофизатӣ иштирок мекунанд.
Чӣ гуна "Оташи хотира"-ро дар кишварҳои хориҷӣ истиқбол гирифтанд - видео
Дар гузашти низомӣ ҳамчунин духтарон – курсантҳои шаш муассисаи таълимии ҳарбӣ: Донишгоҳи ҳарбӣ, Академияи ҳарбии алоқа, Академияи ҳарбии моддию техникӣ, Академияи ҳарбии кайҳонӣ, Академияи ҳарбии мудофиаи ҳавоӣ ва Академияи ҳарбии радиатсионӣ иштирок мекунанд.
Ба колоннаи техникаи ҳарбӣ танки афсонавии Т-34-85 роҳбарӣ мекунад. Аз паси он дар майдони "Сурх" танкҳои ҳозиразамони Т-72В3М, Т-90М "Рахиш" ва Т-14 "Армата" мегузаранд.
Ба тамошобинони парад мошинҳои пиёдагарди ҷангии "Курганетс", БМП-2 "Бережок", БМП-3, зиреҳпӯшҳои "Тайфун-К", "Тайфун-ВДВ", "Тигр-М" ва артиллерияи худгард намоиш дода мешаванд.
Бояд гуфт, бинобар номусоид шудани обуҳаво гузашти қисми ҳавоӣ лағв гардид.
Лентаи хабарҳо
0