Иштироки тоҷикон дар “Ҳанги ҷовидон”-и Маскав

© Sputnik / Стас ЭтвешТаджикская диаспора приняла участие в акции "Бессмертный полк"
Таджикская диаспора приняла участие в акции Бессмертный полк  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳудуди 40 нафар тоҷикистониёни муқими шаҳри Маскав ба раҳпаймоии “Ҳанги ҷовидон” пайвастанд: Ба ҷуз аз калонсолон миёни тоҷикон ҷавонону наврасон низ дида мешуд
ДУШАНБЕ, 9 мая — Sputnik. Ҷамъиятҳои тоҷикон дар раҳпаймоии “Ҳанги ҷовидон”-и шаҳри Маскав бо тарзи фаъол ширкат карданд. Ба ин раҳпаймоӣ 40 нафар тоҷикони муқими Маскав ҳамроҳ шуданд.
Дар наворе, ки Sputnik Тоҷикистон пешниҳод кардааст, мебинед, ки дар қатори калонсолон наврасону ҷавонон низ дида мешаванд.
Намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар назди метрои “Белорусская” ҷамъ омада ба тарафи Майдони Сурх рафтанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳазорон нафар шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт дар "Ҳанги ҷовидон"-е, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ширкат намуданд. Дар раҳпаймоӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов низ ширкат дошт.
Куҳнасарбозони ҷанг низ ба ин рохпаймоӣ ҳамроҳ шуданд. Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар ҷумҳурӣ 57 куҳнасарбозе, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок доштанд, ба сар мебаранд.
Дар кишвар ба шарафи Иди Ғалаба наздик ба 3 ҳазор нафар ҷамъ омад буданд.
Акция Бессмертный полк в регионах России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Дар Маскав гузашти "Ҳанги ҷовидон" оғоз ёфт - видео
Ҳамзамон, дар боғи фарҳангии Маскави ба номи Максим Горький дидори куҳнасарбозони тоҷик, дар ҷанги дохилӣ ва дар сафи 201 дивизияи артиши Русия хизмат кардаанд, баргзуор шуд.
Дар ин дидор намоишҳои консертӣ аз ҷониби Маркази фарҳангии тоҷикон, тақдими ҷоизаҳо, хӯроки сарбозӣ, намоиши аксҳо ва нигораҳо сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 роҳпаймоии “Ҳанги ҷовидон” дар 88 кишвари ҷаҳон баргузор шуд.
Лентаи хабарҳо
0