Кишварҳои НАТО шунидан нахостанд - Путин дар бораи амалиёти махсуси Русия

Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кишвардори Русия гуфт, ки амалиёти вижа дар Украина маҷбурӣ, саривақтӣ ва ягона тасмими дуруст буд. Ӯ гуфт, кишварҳои НАТО инро шунидан нахостанд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Кишварҳои НАТО шунидан нахостанд, онҳо воқеан, нақшаҳои тамоман дигар доштанд, гуфт президенти Русия Владимир Путин дар гузашти низомӣ дар майдони "Сурх"-и Маскав.
Ба гуфтаи вай, бо вуҷуди ихтилофи назар дар равобити байналмилалӣ Русия ҳамеша ҷонибдори эҷоди амнияти баробар ва тақсимнашаванда буд.

"Моҳи декабри соли гузашта мо пешниҳод карда будем, ки созишномаи кафолати амниятӣ баста шавад. Ҳама бефоида! Кишварҳои НАТО моро шунидан нахостанд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо дар асл нақшаҳои тамоман дигар доштанд", - гуфт президент.

Путин тавзеҳ дод, ки кишварҳои НАТО ошкоро ба амалиёти муҷозотӣ дар Донбасс омодагӣ медиданд.
"Блоки НАТО ба азхудкунии фаъолонаи ҳарбӣ дар қаламравҳои ҳамсояи мо шуруъ кард. Ҳамин тавр барои мо таҳдиди комилан ғайриқобили қабул ба вуҷуд омад", - илова намуд Путин.
Парад Победы на Красной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Гузашти низомӣ дар Рӯзи пирӯзӣ дар Маскав - видео
Ба гуфтаи вай, ҳама чиз нишон медод, ки задухӯрд бо миллагароён ногузир аст.
"Мо дидем, ки чӣ гуна хатар ҳар рӯз афзоиш меёбад. Русия ба таҷовуз посухи пешгирикунанда дод, ин тасмими маҷбурӣ, саривақтӣ ва дуруст буд. Қарори як кишвари соҳибихтиёр ва қавӣ", - афзуд Путин.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.
Лентаи хабарҳо
0