Путин ба “Ҳанги ҷовидон” ҳамроҳ шуд – видео

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин принял участие в шествии "Бессмертный полк"
Президент РФ В. Путин принял участие в шествии Бессмертный полк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин якҷоя бо сокинони Маскав акси падараш дар даст дар "Ҳанги ҷовидон" роҳпаймоӣ кард
ДУШАНБЕ, 9 мая — Sputnik. Владимир Путин дар маросими "Ҳанги ҷовидон" якҷоя бо сокинони шаҳри Маскав ширкат варзид, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Вай дар даст акси падараш дар кӯчаҳои марказии Маскав роҳпаймоӣ намудааст.
Ёдрас менамоем, ба хотири падемияи коронавирус дар ду соли қабл роҳбаи Русия дар “Ҳанги ҷовидон” ширкат намекард.
Иштироккунандагони ин маросим аз хиёбони Ленинград, кучаи Тверской ва кучаи 1-уми Тверская-Ямская аз кучаи Охотный Ряд, Манежная ва майдонхои Сурх мегузаранд. Дарозии ин роҳ 7 километр мебошад.
Ин гуна маросим дар 88 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад.
Акция Бессмертный полк в регионах России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Дар Маскав гузашти "Ҳанги ҷовидон" оғоз ёфт - видео
“Ҳанги ҷовидон” як иқдоми оммавӣ аст, ки ба хотири нигоҳ доштани хотираи иштирокчиён ва қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мешавад.
Дар солҳои 2020 ва 2021 бинобар пандемияи коронавирус “Ҳанги ҷовидон” ба таври маҷозӣ сурат гирифт.
“Ҳанги ҷовидонӣ" бори аввал рӯзи 9 майи соли 2012 дар Томски Русия сурат гирифт. Кариб 6 ҳазор нафар дар он бо аксҳои собиқадорони ҷанг иштирок карданд.
Соли 2013 “Ҳанги ҷовидон” дар 15 шаҳр, аз ҷумла Маскав ва Санкт-Петербург такрор шуд. Соли 2015 бори аввал дар хориҷ аз ин кишвар ин маросим баргузор шуд.
Лентаи хабарҳо
0