Дар Русия сабаби маҳдуд кардани вуруди муҳоҷиронро шарҳ доданд

© Sputnik / Евгений ОдиноковТрудовые мигранты в России
Трудовые мигранты в России  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Думаи давлатии Русия бар инанд, ки дар шароити хуруҷи ширкатҳои хориҷӣ аз бозори Русия мақомоти ин кишвар бояд сиёсати муҳоҷирати худро сахттар кунанд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Русия бояд вуруди муҳоҷиронро маҳдуд кунад. Дар ин бора Андрей Алехин, узви Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, дар шароити аз бозори Русия хориҷ шудани ширкатҳои хориҷӣ сиёсати муҳоҷиратро шадидтар кардан лозим аст.
Алехин таъкид кард, ки мақомот бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳанд, то мушкилоти бекорӣ nо ҳадди имкон кам карда шаванд.
Ба гуфаи ӯ, дар Маскав ба фарқ аз Омск хориҷиён зиёд кор мекунанд.

"Борбарҳо, фаррошҳо, таксиронҳо. Дар ҳамин соҳаҳо бо назардошти шароит вуруди муҳоҷиронро маҳдуд кардан лозим аст", - гуфт Алехин.

Бо вуҷуди ин ин тасмим метавонад оқибатҳои манфие дошта бошад. Масалан, арзиши 1 метри мураббаъ манзил афзоиш хоҳад ёфт, зеро бисёре аз русҳо ба кор дар вазифаҳои хориҷиён розӣ нестанд, афзуд Алехин дар суҳбат бо URA.RU.
Встреча с Председателем Совета Федерации Федерального Собрания России Валентиной Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Аз муҳоҷират то сармоягузорӣ: дидору мулоқоти Раҳмон ва Матвиенко
Дар ҳоле ки Русия аз камбуди муҳоҷирон ранҷ мекашад, мақомоти Маскав бештар аз нияти даст кашидан аз кори шаҳрвандони хориҷӣ мегӯянд. Бори аввал дар ин бора муовини шаҳрдор Андрей Бочкарев изҳори назар карда буд.
Ин ташаббусро шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дастгирӣ кардааст. Вай дастур дод, ки теъдоди муҳоҷирон дар сохтмонҳо дар чаҳорчӯби барномаи навсозӣ коҳиш ёбад ва ҳамчунин хостори ҷалби русҳо аз манотиқи ҳамсоя барои кор дар ин иншоотҳо шуда, зикр кард, ки барои онҳо шароити хуби корӣ ва маоши созгор бояд муҳайё намуд.
Бо вуҷуди ниятҳои бузурги мақомот коршиносон бар ин назаранд, ки пойтахт наметавонад комилан аз хидмати хориҷиён даст кашад.
Лентаи хабарҳо
0