Ансамбли “Бибиҳо"-и Тоҷикистон сазовори ҷоизаи байналмилалӣ шуд

© Sputnik Амир ИсаевАктриса Марьям Исоева
Актриса Марьям Исоева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ансамбли фолклорию этнографии “Бибиҳо”-и Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии “Баҳори Бойсун”-и Ӯзбекистон сазовори ҷойи дуюм гардид
ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Ансамбли фолклорию этнографии “Бибиҳо”-и назди Раёсати фарҳанги вилояти Суғд таҳти роҳбарии Марям Исоева дар самти фолклории Фестивали байналмилалии “Бойсун баҳори” (“Баҳори Бойсун”) миёни 30 кишвари ҷаҳон сазовори ҷойи дуюм гардид, иттилоъ додааст Раёсати фарҳанги вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи фестивал мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳои миллӣ, маҳфилҳои ҳунарӣ, консерту сайругашти оммавӣ низ доир гардиданд.
Ғолибону ҷоизадорон бо дипломҳои махсус, туҳфаҳои хотиравӣ бо рамзи фестивал ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Министр культуры Таджикистана Давлатзода Зулфия Давлат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Вазири фарҳанг бо супориши Раҳмон ба ВМКБ сафари корӣ анҷом дод
Ёдовар мешавем, ки фестивали мазкур аз 7 то 8 май дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Узбекистон доир гардида, дар он ҳунармандони Тоҷикистон, Британияи Кабир, Фаронса, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳунарнамоӣ карданд.
Аз Тоҷикистон ҳунармандони вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ низ иштирок намуданд.
Фестивали мазкур дар ду сол як бор баргузор мешавад. Баргузории ҷашнвораи бонуфуз дар ноҳияи Бойсун бо арзиши беназир ва мероси ғании фарҳангии ғайримоддии хеш маънои амиқ дорад, зеро соли 2001 фазои фарҳангии Бойсун ба ЮНЕСКО ҳамчун “шоҳкори мероси шифоҳӣ ва ғайримоддии башарият" ворид карда шуд.
Моҳи майи соли 2002 дар ноҳияи Хушманзара аввалин ҷашнвораи кушоди фолклории ҳунармандони мардумии Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0