Борону раъду барқ ва шамоли сахт: дамои ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксПрохожие гуляют по скверу под зонтами
Прохожие гуляют по скверу под зонтами  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, аммо сокинони ҷанубии кишварро раъду барқ низ интизор аст
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар ВМКБ ҳавои камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи беборишро пешгӯӣ мекунад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+3 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд бошад, ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро ҳавои камабр ва борони кӯтоҳмуддат интизор аст. Раъду барқ низ дар минтақа ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад.
Дождь  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
КҲФ аз шаш рӯзи боронгариҳо, селу жола ва боди шадид ҳушдор дод
Гармои ҳаво дар водиҳо шабона ба 16+21, рӯзона 27+32 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо шабона 11+16, рӯзона 19+24 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе низ борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0