Боздошти зане, ки тоҷикдухтаронро барои танфурӯшӣ ба Туркия мефиристод

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Се духтари тоҷик ба доми як ҷавондухтари дигар афтодаанд, ки нахуст онҳоро қарздор кардаву баъдан барои танфурӯшӣ дар хориҷ маҷбурашон кардааст
ДУШАНБЕ, 10 мая — Sputnik. Як ҷавондухтарро бо иттиҳоми фурӯши духтарони тоҷик дар хориҷ аз кишвар кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД-и Тоҷикистон боздошт кардаанд.
Дастгиршуда истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода буда, 28 сол доштааст.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда бо мувофиқаи қаблӣ бо Юсуф ном шаҳрванди Туркия, мулаққаб ба Ато бо роҳи фиреб ба ҷавондухтарони тоҷик эътимод пайдо карда, ба онҳо ваъда додааст, ки дар Туркия кори фоидаовар ва маоши баланд пайдо мекунанд.
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Бибӣ набераи ноболиғашро бар ивази 2,5 ҳазор доллар фурӯхт
Боздоштшуда занону духтаронро бо маоши баланд ва кори хуб фирефта намуда, аз моҳи октябри соли 2021 то январи 2022 се бор ба онҳо билети ҳавопаймои хатсайри Душанбе - Истанбул харида, ба Туркия фиристодааст.
Дар Истанбул духтаронро шарики боздоштшуда Юсуф пешвоз гирифта, онҳоро ба шаҳри Ялова, воқеъ дар 90-километрии Истанбул бурда, аз онҳо талаб кардааст, ки пули барои онҳо сарфшударо пардохт кунанд ва онҳоро маҷбур ба танфурӯшӣ кардааст.
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҷавондухтари боздоштшуда бо ин роҳ аз 5 ҳазор то 6 ҳазор долларӣ аз ҳар духтари ба Туркия фиристодааш пул кор кардааст.
Гуфта мешавад, Пркуратураи генералии Тоҷикистон дар робита ба ин қазия алайҳи дастгиршуда бо дастрасии моддаи 130, иловаи яки КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, ҳоло ӯ дар ҳабси пешакӣ аст.
Маврид ба зикр аст, ки ин банди қонун аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0