Дар Хуҷанд қимати роҳкиро боз 25% баланд шуд: сабаб

© Sputnik / Амир ИсаевПассажиры в маршрутке
Пассажиры в маршрутке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Арзиши хидматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар маркази вилояти Суғд боз боло рафт. Масъулин мегӯянд, ин ҳолат дар пайи гаронии қимати сӯзишворӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Шуруъ аз 10 май, роҳкиро дар дохили шаҳри Хуҷанд 25% баланд шуда, 2 сомонию 50 дирам муқаррар гардидааст.
Аз идораи нақлиёти автомобилӣ ва хидматрасонии логистикӣ дар вилояти Суғд бо таъйиди ин хабар сабаби болоравии роҳкироро шарҳ доданд.
Шавкатҷон Исмоилов, иҷрокунандаи вазифаи сардори бахши мусофирбарӣ ва танзимгарии Раёсати муассисаи давлатии нақлиёти автомобилӣ ва хидматрасонии логистикӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, нархномаи нав дар асоси фармони вазири нақлиёт ҷорӣ карда шудааст.
Ӯ гуфт, фармони ҷорӣ намудани нархномаи нави хидматрасонии мусофирбарӣ ҳанӯз моҳи июли соли 2021, таҳти № 125 содир шуда буд, ки бар асоси он, арзиши роҳкирои дохили шаҳрӣ 2,5 сомонӣ гуфта мешуд. "Вале мо 50 дирам роҳкироро нигоҳ доштем", - афзуд ӯ.

"Ҳоло дар асоси муроҷиати ронандаҳои мусофирбару гароншавии арзиши маводи сӯхт ва қисмҳои эҳтиётӣ роҳкирои мусофирбарҳои дохили шаҳр 2,5 сомонӣ муқаррар шуд”, – гуфт Исмоилов.

Ахиран, моҳи сентябри соли гузашта арзиши роҳкирои мусофирбарҳои дохилишаҳри 50 дирам боло рафта, 2 сомонӣ муқаррар шуда буд. Акнун мусофирони Хуҷандро зарур аст, ки барои истифода намудан аз хидматрасонии мусофирбарҳои дохилишаҳрӣ бояд 2,5 сомонӣ пардохт кунанд.
Дар Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии Суғд масъулияти мусофиркашониро асосан ширкатҳои хусусӣ ба уҳда доранд.
Бино ба иттилои идораи нақлиёт, дар 15 хатсайри мусофирбарии Хуҷанд беш аз 850 адад микроавтобусҳои тамғаи "Mercedes Sprinter" фаъол буда, ҳар кадоми онҳо асосан тавассути сӯзишвории дизелӣ ҳаракат мекунанд.
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Иҷозати парлумон барои воридоти арзони озуқаю сӯзишворӣ
Шуруъ аз интиҳои соли гузашта нархи маводи сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон қариб ҳар рӯз тағйир меёбад.
Ҳоло тибқи нархномаҳои нав, ки нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Хуҷанд ва дигар навоҳии Суғд нашр намудаанд, нархи бензини навъи АИ 95-11 8 сомонӣ, АИ 92 11 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 11, 8 сомонӣ ва гази моеъ 6 сомонӣ шудааст. Чунин нархнома дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ аз 3 то 5 сомонӣ ва ё беш аз 50% баланд арзёбӣ мешавад.
Тоҷикистон маводи сӯхтро аз хориҷа, асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад. Аксари сокинон мегӯянд, болоравии нархи роҳкиро ба ҷайби онҳо зарбаи иқтисодӣ мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0