Коршинос: Инзивои Русия ғайриимкон аст

© Sputnik / Виталий БелоусовХрам Василия Блаженного в Москве, архивное фото
Храм Василия Блаженного в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Коршиноси аршади иқтисодӣ инзивои Русияро ба далели аҳамияти он дар муносибатҳои тиҷории ҷаҳонӣ ғайриимкон хонда, аз оқибатҳои он гуфт
ДУШАНБЕ, 10 мая — Sputnik. Аҳамияти Русия дар савдои ҷаҳонӣ бениҳоят зиёд аст, аз ин рӯ муҳосираи пурраи он ғайриимкон мебошад, мегӯяд Андрей Кочетков, таҳлилгари пешбари шуъбаи пажуҳишҳои глобалии "Сармоягузории боз" ба хабаргузории "Прайм".

"Дар ҳақиқат, Русия "ганҷинаи ҷаҳонӣ" буда, ашёи хом ва масолеҳ медиҳад, ки бе онҳо ягон лаборатория ва фабрика кор карда наметавонад", - гуфт коршинос.

Ӯ ёдовар шуд, ки танҳо дар бозори нафти ҷаҳонӣ саҳми Русия аз 11% зиёд аст.
Ба гуфтаи таҳлилгар, агар нефти Русия аз муомилоти ҷаҳонӣ комилан хориҷ шавад, истеъмол бояд тақрибан 7,5-7,8 миллион баррел дар як рӯз коҳиш ёбад.
"Ин метавонад дар пай ду рӯйдод дошта бошад. Якум, коҳиши якбораи фаъолияти иқтисодӣ дар ҷаҳон ба сатҳе, ки бо давраи мавҷи аввали COVID-19 муқоиса карда мешавад. Гузинаи дувум болоравии нархи нафт то 150-200 доллар барои як баррел аст, ки боиси коҳиши табиии истеъмол мешавад”, - шарҳ дод Кочетков.
Добыча нефти в Татарстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
"Bloomberg": Манъи воридоти нафти Русия барои Ғарб худкушӣ хоҳад буд
Саҳми гази Русия дар бозори ҷаҳонӣ боз ҳам бештар аст - имкони иваз кардани интиқоли лӯла ба Аврупо бо гази моеъ ғайриимкон аст.
Дар бораи нуриҳо низ ҳамин тавр аст: 66 фоизи захираи селитраи аммиак дар ҷаҳон, ки барои истеҳсоли нуриҳои азотӣ зарур аст, ба Русия рост меояд. Қатъи таъминот аллакай боиси 2-3 баробар боло рафтани нархи онҳо шудааст, ки истеҳсолкунандагони кишоварзиро водор месозад, маблағи бештар сарф кунанд.
Дар натиҷа ҳосил кам мешавад. Дар ҳамин ҳол худи Русия аз таъминоти ғизоии беруна камтарин вобастагиро дорад, мегӯянд ин таҳлилгар.
Лентаи хабарҳо
0