Дар Русия боз 10 шуъбаи Агентии муҳоҷирати хориҷии Ӯзбекистон пайдо мешавад

© Sputnik / Татьяна МеельФлаг Узбекистана
Флаг Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Аз аввали тобистони соли ҷорӣ шумораи намояндагиҳои ин ниҳод дар қаламрави Русия афзоиш меёбад: дар 10 минтақаи Русия намояндагиҳои нав кушода мешаванд
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Аз 1 июн шумораи намояндагиҳои Агентии муҳоҷирати хориҷии Ӯзбекистон дар минтақаҳои Русия ба 16 адад мерасад. Дар ин бора хадамоти матбуотии ин ниҳод хабар медиҳад.
"Намояндагиҳои Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ дар вилоятҳои Тула, Воронеж, Волгоград, Нижний Новгород, Иркутск, Амур, вилоятҳои Краснодар, Красноярск, Перм ва Округи мухтори Ханти-Мансийскии Русия ифтитоҳ мешаванд", - омадааст дар хабар.
Бино ба иттилои маркази матбуотии ин ниҳод, рӯзи 10 май сарони намояндагиҳо барои оғози кор ва ифтитоҳи намояндагиҳои нав сафар карданд. Гуфта мешавад, ки ҳамаи онҳо курси Академияи идоракунии давлатии назди президенти Ӯзбекистонро хатм кардаанд.
Қаблан намояндагиҳои он дар 4 шаҳри Русия: Маскав, Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург, Самара, Уфа кор мекарданд.
Ба гуфтаи муовини аввали вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон, дар ин намояндагиҳо ҳамчунин марказҳои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон барои ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ миёни ҳамватанон ва корфармоёни рус таъсис дода мешаванд.
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2022
Русия додани патент барои муҳоҷиронро содатар мекунад
Ба иттилои ин ниҳод, то 1 январи соли 2022 беш аз 1 миллион шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия кор мекунанд, ки 67,3 дарсади шумори умумии сокинони ҷумҳурӣ барои кор ба хориҷи кишварро ташкил медиҳад.
Созишнома дар бораи ҷалби муташаккили шаҳрвандони Ӯзбекистон барои кори муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия 5 апрели соли 2017 ба имзо расида буд.
Қаблан Дмитрий Полетаев, мутахассиси умури муҳоҷират тавзеҳ дода буд, ки ҷараёни муҳоҷирати корӣ ба Русия қатъ намешавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2022 теъдоди патентҳое, ки шаҳрвандони дигар давлатҳо гирифтаанд, ду баробар афзоиш ёфтааст.
Коршинос таъкид кард, бозорҳои кории фазои Авруосиё, ки муҳоҷирон вориди он мешаванд, кайҳо ташаккул ёфтаанд. Хориҷиён кор дар Русияро афзалтар медонанд.
Лентаи хабарҳо
0