Тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои як шаб ройгон мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевНациональный музей Таджикистана
Национальный музей Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барномаи анъанавии “Шабе дар осорхона” баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 10 мая — Sputnik. Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар додаанд, ки барномаи “Шабе дар осорхона” санаи 18 май, аз соати 18:00 то 23:00 баргузор мешавад.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки барномаи имсола аз солҳои гузашта фарқ дошта, дар он 18 барномаи фарҳангӣ барои гурӯҳҳои тамошобинон, хурдсолон, наврасон, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа доир мешавад.

“Иқдоми баргузории барномаи фарҳангию фароғатии “Шабе дар осорхона” ба ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таъриху фарҳанги мамлакат, боло бурдани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон равона гардидааст”, - таъкид доштааст як масъули Осорхонаи миллӣ.

Ташкилкунандагони барномаҳои фароғатӣ Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллӣ мебошанд.
Библиотека новой школы №55 в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2021
Омӯзгоре дар шаҳри Кӯлоб осорхона, китобхона ва истгоҳ бунёд кард
Ҳамчунин манбаъ илова кардааст, ки иштироки тамошобинон дар барномаҳои осорхона ройгон аст.
Ёдовар мешавем, ки баргузории иқдоми “Шабе дар осорхона” бори аввал соли 1997 аз шаҳри Берлини Германия оғоз шуда, баъдан соли 1998 дар Франсия, Англия ва Русия доир гардид. Ин иқдом дар Тоҷикистон бори нахуст, баъд аз ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 2013, тибқи анъанаи касбӣ, баргузор шуд.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз соли 2013 ба ин сӯ 18 май бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо икдоми байналмилалии “Шабе дар осорхона”-ро баргузор менамояд.
Ҳамасола 18 май Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (International Museum Day) ҷашн гирифта шуда, аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0