Байден дигарбора дар нокомиҳояш Путинро муттаҳам кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксЖенева в преддверии саммита президента России В. Путина и президента США Дж. Байдена
Женева в преддверии саммита президента России В. Путина и президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба навиштаи нашрия, амрикоиҳо бори дигар нокомиҳои иқтисодии кишварро дар замони роҳбарии Байден интиқод карданд. Бисёриҳо ӯро дурӯғгӯ мешуморанд
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Сокинони Иёлоти Муттаҳида бори дигар алайҳи кишвардорашон Ҷо Байден эътироз карданд, навиштаанд дар "Fox News".
Амрикоиҳо бори дигар аз он хашмгин шуданд, ки Байден оқибатҳои пандемия ва раҳбари Русия Владимир Путинро дар мушкилоти иқтисодӣ айбдор мекунад.
Корбарони "Twitter"-ро суханронии раиси Кохи сафед дар рӯзи 10 май ба хашм овард. Онҳо сухарнонии Байденро бардурӯғ хонданд.
"Байден барои "қарорҳои худ" баҳонаҳо пайдо карда, мушкилоти таваррумро асоснок мекунад. Аммо ӯ мардумро фиреб карда наметавонад ва чунин сиёсат натиҷабахш нахоҳад шуд", - навиштааст корбаре бо номи Кайл Баккер.
"Ҷо Байден таваррумро бо ҳар роҳ баҳона хоҳад кард", - зикр намудааст MRCTV.
Грег Прайс бо нигаронӣ навиштааст, ки "нисбати таваррум ба таври ҷиддӣ муносибат намекунед, дар ҳоле, ки ин ҳамаро ба Путин ва оқибатҳои коронавирус ҳавола мекунед".
"Ҷо Байден ягон роҳи ҳалли нави мушкили таваррумро пешниҳод накардааст", - гуфт хабарнигори "Breitbart" Чарли Спиринг.
Ин бори аввал нест, ки раиси Кохи сафед болоравии рекордии қимати коло дар тӯли 40 соли ахирро ба буҳрони Украина ва раисҷумҳури Русия пайванд медиҳад.
Брифинг президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
"Лаҳзаҳои гуворо"-и Байден идома дорад: президенти ИМА ин бор чӣ хато кард?
Ёдовар мешавем, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технология ва сиёсати раводид таъсир расониданд.
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунбол як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT ихроҷ намуд.
Аммо ҳамаи ин кӯшишҳои Ғарб боиси сар задани мушкилиҳои дохилӣ гардид. Дар аксари кишварҳои аврупоӣ нархи озуқаворӣ ва маводи сӯхт якбора боло ҷаст.
Тавре президенти Русия Владимир Путин қайд кард, таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ заданд - зиндагии миллионҳо одам бадтар шуд.
Лентаи хабарҳо
0