Боронҳои шадид ва раъду барқ: пешгӯии идомаи обуҳавои номусоид дар Тоҷикистон

© PixabayМолния
Молния - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон бориши боронҳои шадид ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар мегӯяд, ки он панҷ рӯзи оянда низ давом хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Ҳавоми номусоид дар Тоҷикистон идома дорад ва ба иттилои Агентии обуҳавосанҷии кишвар, он то 16 май давом мекунад.
Ин ниҳод дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат ва дар шарқи вилоят ҳавои асосан беборишро пешгӯӣ мекунад.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад.
Дождь  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
КҲФ аз шаш рӯзи боронгариҳо, селу жола ва боди шадид ҳушдор дод
Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро низ боронҳои бошиддат ва раъду барқ интизор буда, ҳаво дар водиҳои минтақа шабона 17+22, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 12+17, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе низ борони бошиддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 15+17 дараҷа ва рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0