"Газпром" гуфт, уҳдадориҳояшро назди мизоҷон пурра иҷро мекунад

© AFP 2022 / OLGA MALTSEVAГазпром
Газпром - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ширкати "Газпром" мегӯяд, ҷониби Украина ҳич далели ҷой доштани ҳолати рафънопазир дар нуқтаи газгузаронии "Сохрановка"-ро пешниҳод накардааст
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. "Газпром" ҳаққи интиқоли газ аз тариқи қаламрави Украинаро пурра пардохт карда, уҳдадориҳояшро дар назди мизоҷони аврупоӣ иҷро намуда истодааст, гуфт намояндаи расмии ширкат Сергей Куприянов.
"Ширкати "Газпром" уҳдадориҳои худро дар назди мизоҷони аврупоӣ иҷро мекунад, тибқи шартнома, барои транзит тавассути Украина газ медиҳад, ҳаққи транзитро пурра пардохт кардаст", - оварда шудаст аз қавли ӯ дар "Telegram"-и "Газпром".
Ба гуфтаи ин масъул, идораи интиқоли гази Украина рӯзи 10-уми май ширкати "Газпром"-ро огоҳ кардааст, ки ба далели "форс-мажор" интиқоли газ аз тариқи "Сохрановка"-ро аз 11 май қатъ мекунад.
Храм Василия Блаженного в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Коршинос: Инзивои Русия ғайриимкон аст
Ҳамзамон аз ширкати "Нафтогаз"-и Украина низ огоҳинома гирифта шудааст, ки дар сурати идомаи интиқоли газ аз ҷониби Русия ба нуқтаи "Сохрановка" ҳаҷми интиқоли газ дар нуқтаҳои баромади он мутаносибан кам карда мешавад.
Ҷониби Украина пешниҳод кардаст, ки ҳаҷми интиқол аз тариқи нуқтаи "Суҷа" зиёд карда шавад.
Аммо ҷониби "Газпром" мегӯяд, аз рӯйи тарҳи интиқолӣ, аз нигоҳи технологӣ, имкон надорад, ки интиқоли газ ба нуқтаи "Суҷа" гузаронда шавад ва созишномаи ҳамкорӣ аз моҳи декабри соли 2019-ро далел оварда, таъкид намудааст, ки ҷониби Украина аз ин хуб огоҳ аст.
Ҳамчунин "Газпром" изҳор дошт, ки ҳеҷ гуна тасдиқи ҳолатҳои форс-мажорро нагирифтааст ва барои идомаи кор дар реҷаи қаблӣ ҳеҷ гуна монеае намебинад. Зикр шудааст, ки мутахассисони украинӣ дар тамоми ин муддат дар "Сохрановка" ва "Новопсков" кор мекарданду ҳич шикояте ҷой надошту надорад.
Лентаи хабарҳо
0