Гутерриш ба зуд анҷом ёфтани низоъ дар Украина бовар надорад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксГенеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш
Генеральный секретарь Организации Объединенных Наций Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид интизор надорад, ки низоъ дар Украина дар ояндаи наздик хотима ёбад
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш бовар надорад, ки амалиёти низомии Русия дар Украина дар ояндаи наздик ба поён мерасад.
"Умедворам, ки ҳеҷ чиз абадӣ нест. Лаҳзае мешавад, ки музокироти сулҳ фаро мерасад. Замоне хоҳад омад, ки роҳи ҳалли масъала дар асоси Оинномаи СММ ва қонунҳои байналмилалӣ пайдо шавад. Аммо ин дар ояндаи наздик рух намедиҳад", - гуфт Гутерриш ба хабарнигорон дар Вена.
Ёдовар мешавем, ки Дабири кулли СММ чанде пеш аз Русия ва Украина боздид намуд. Дар Маскав ӯ бо кишвардори Русия Владимир Путин ва вазири умури хориҷӣ Сергей Лавров дидору гуфтугӯ карда буд.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард.
Ситуация на польско-украинской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
СММ мегӯяд, аз Украина як миллион нафар паноҳанда шудааст
Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
ВАО: Дабири кулли СММ аз Бородиянка ва Буча боздид кард. Ӯ чӣ дид?
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.
Лентаи хабарҳо
0