Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Конашенков аз фалокати Киев зимни талоши ғасби Змеиний гуфт

© Пресс-служба Минобороны РФ / Гузариш ба медиабонкБрифинг И. Конашенкова после начала специальной военной операции
Брифинг И. Конашенкова после начала специальной военной операции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Обуна шудан
Маскав талафоти ҷониби Украинаро, ки қасд доштааст, то 9 май барои намоишкорӣ ҷазираи Змеинийро ба зери назорат баргардонад, эълон кард
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Нерӯҳои украинӣ 14 ҳавопаймою чархбол, 30 ҳавопаймои бесарнишин ва беш аз 50 ҳайати шахсиро зимни талоши ғасби ҷазираи Змеиний аз даст доданд, гуфт сухангӯи Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков.
"Ин сабукфикрӣ барои Украина бо факлокат анҷом ёфт. Иқдоми намоишкоронаи низоми Киев барои гирифтани ҷазираи Змеиний дар остонаи Рӯзи ғалаба боиси марги беш аз 50 нафар аз ҷангҷӯёни украинӣ ва низомиёни воҳидҳои элитаи қувваҳои мусаллаҳи Украина гардид. Украина чаҳор ҳавопаймо, даҳ чархбол, се қаиқ ва сӣ ҳавопаймои бесарнишинро аз даст дод", - гуфт ӯ.
Конашенков тавзеҳ дод, Киев се ҳавопаймои бомбандози "Су-24" ва як ҷангандаи "Су-27"-ро дар минтақаи Змеиний талаф дод. Нерӯҳои Русия дар ин минтақа инчунин 10 чархболи нерӯҳои мусаллаҳи Украина, аз ҷумла се чархболи "Ми-8" бо сарбозон ва як чархболи пуштибони "Ми-24"-ро нобуд карданд.
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Кишварҳои НАТО шунидан нахостанд - Путин дар бораи амалиёти махсуси Русия
Дар наздикии деҳаи Арсизи вилояти Одесса 6 чархболи дигари "Ми-8" ва "Ми-24" дар замин нобуд карда шуданд.
Баъди зуҳри 10 май низ, ба гуфтаи Конашенков, як ҳавопаймои дигари бесарнишини украинӣ, "Байрактар-ТБ2" дар минтақаи ҳавоии Змеиний нобуд карда шудаст.

"Ҳамин тавр дар се рӯзи ахир режими Киев дар ин минтақа ҳамагӣ 30 ҳавопаймои бесарнишини низомиро аз даст додааст, ки 9 ададашон навъи зарбазани "Байрактар-ТБ2" мебошанд", - гуфт генерал.

Ба гуфтаи Конешенков, ҳоло дар натиҷаи нокомии амалиёти Киев 27 ҷасади ҷангҷӯёни воҳидҳои вижаи Украина ва миллатгароён дар Змейний боқӣ мондаанд. Ҳамчунин се киштии зиреҳпӯши украинии "Кентавр", ки дар саҳнашон нерӯҳои вижа қарор дошт, дар баҳр нобуд карда шуд.
Ин дар ҳолест, аз 7-уми май ба ин сӯ нерӯҳои украинӣ талоши ғасби ҷазираи Змеинийро карданд, ки натиҷа надод. Гуфта мешавад, ҷониби Киев ният дошт, бо зери назорат баргардондани ин ҷазира то 9-уми май натиҷаи намоишкоронаи "медиявӣ" ба даст орад, ки ҳосил нашуд.
Лентаи хабарҳо
0