Дар Кӯлоб ба хотири ҷалби сайёҳон роҳро навсозӣ карданд

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузаштан ба хазинаи аксСтроительство автомобильной дороги
Строительство автомобильной дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Кӯлоб бар ин боваранд, ки баъди ба истифода додани роҳ мушкилии бурдани сайёҳон ба мавзеъҳои диданӣ бартараф мешавад
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар Кӯлоб таҷдиду навсозии роҳи мошингард идома дорад, хабар медиҳад оҷонсии "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, роҳи маҳаллаи Чармгарон ба хотири ҷалби бештари сайёҳон навсозӣ мешавад. Зеро дар ин масир Маҷмаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, осорхона ва боз чанд иншооти фарҳангӣ ҷойгир буда, равуои сайёҳони дохилию хориҷӣ аз тариқи он рӯз ба рӯз зиёд мешавад.
Зикр гардид, ки баъди ба истифода супоридани роҳ мушкилии бурдани сайёҳон ба ин мавзеъ низ бартараф мегардад.
Илова бар ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба хотири бартараф кардани тамбашавии нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ таъмири ин роҳро оғоз намуданд.
Восстановление дороги после оползня в Дарвазе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Оқибатҳои сангрезӣ дар роҳи Кӯлоб - Дарвоз бартараф карда шуд
Манбаъ меафзояд, феълан тахту ҳамворкунии роҳ ва кӯчонидани хатҳои обу барқ ва обравҳо анҷом дода шуда, мумфаршкунии роҳ шуруъ гардидааст.
Кормандони ҶДММ "Бунёди роҳ", ки масъулияти таъмири ин масирро бар уҳда доранд, барои мумфаршкунии роҳ аз техникаҳои муосир ва маҳсулоти хушсифати роҳсозӣ истифода менамоянд.
Гуфта мешавад, сохтмони роҳ дар рӯзҳои наздик ба анҷом расида, таҷдиди роҳҳои дигари дохили шаҳр шуруъ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0