Нахустин намояндаи толибон ба Душанбе омад

© Sputnik Душанбе
Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо ҳукумати феълии Афғонистонро қабул надорад ва аз гуфтугузор бо толибон худдорӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Бо вуҷуди эътироф нашудани ҳукумати феълии Афғонистон аз тарафи Тоҷикистон як намояндаи ин ҳукумат вориди Душанбе шудааст.
Дар ин бора сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммадзоҳир Ағбар ба хабарнигорони маҳаллӣ иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 10 май футболбозони навраси Афғонистон барои анҷом додани бозӣ ба Душанбе омаданд ва онҳоро Ҳофиз Аҳмад Зозай - намояндаи толибон ҳамроҳӣ намуд.
Ашхабад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Нигаронии Рустами Эмомалӣ ва Бердимуҳаммадов аз вазъи Афғонистон
Сафири Афғонистон мегӯяд, онҳо, ки ба истиқболи футболбозон рафтанданд, намояндаи толибонро диданд, вале ӯ аз суҳбат бо онҳо худдорӣ кардааст.
Ба таъкиди ҷаноби Ағбар, намояндаи толибон тамоман аз варзиш дур аст ва вазифаи ӯ танҳо назорат кардани 31 футболбоз асту халос.

"Ӯ назорат мекунад, то футболбозон нисбати ҳукумати толибон ҳарфи бад нагӯянд ва аз Тоҷикистон ба кишвари дигар нагурезанду баръакс ба Ватан баргарданд", - иқтибос овардааст "Авеста" аз суханони сафири Афғонистон.

Дар ҳамин ҳол аз Федератсияи футболи Тоҷикистон низ тасдиқ намуданд, ки дастаи наврасони Афғонистон рӯзи 10 май вориди Душанбе шуданд ва Ҳофиз Аҳмад Зозай онҳоро роҳбарӣ мекунад.
Дастаи то 16-солаи Афғонистон рӯзи 13 май дар доираи мусобиқаи CAFA-2022 дар Душанбе бо дастаи Қирғзистон бозӣ хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0