НБО Роғунро кӣ "мебардорад": Тоҷикистон донори байналмилалӣ меҷӯяд

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксОткрытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане
Открытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тоҷикистон ҷустуҷӯи маблағ барои анҷоми нерӯгоҳи барқи обиро идома медиҳад ва аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ даъват кардааст, ки ин тарҳро маблағгузорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ даъват мекунад, ки барои анҷоми тарҳи сохтмони як зерсохти стратегии кишвар - нерӯгоҳи барқи обии Роғун маблағгузорӣ кунанд, менависад хабаргузории "Авеста".
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода аллакай бо Иброҳим Шукрӣ, мудири минтақаии Бонки Осиёии Рушд мулоқот кардааст. Дар ҷаласа масъалаи маблағгузории бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллии кишвар, аз ҷумла тарҳи "Роғун" матраҳ шуд.
Плотина на Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
Маълум шуд, барои сохтмони "Роғун" дар соли 2022 чӣ миқдор маблағ ихтисос меёбад
Қаблан раҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар ин кишвар Шанни Кэмпбелл гуфта буд, ки дар мулоқоти намояндагони Тоҷикистон бо донорҳои байналмилалӣ масъалаи маблағгузории ин тарҳи энержӣ низ матраҳ шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки Бонки Осиёии Рушд "манфиатдор аст, ки сохтмони НБО "Роғун" ба анҷом расад, вале дар робита ба ин лоиҳа суолҳои зиёде вуҷуд дорад. Онҳо "бо бозори фурӯши нерӯи барқ, харид ва таъмини чораҳои муҳофизатӣ алоқаманданд".
Ба гуфтаи Кэмпбел, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳи "Роғун", он як манбаи даромади кишвар мешавад, аммо натоиҷи таҳқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ низ вуҷуд дорад. Донорҳои байналмилалӣ пеш аз қабули қарор дар бораи иштирок дар маблағгузорӣ бояд ба ҳама суолҳо ҷавоб пайдо намоянд.
Лентаи хабарҳо
0