Макони тоҷирони арзонфурӯши газ дар Тоҷикистон маълум шуд

CC BY 2.0 / Lav Ulv / Грузовик с газом, архивное фото
Грузовик с газом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нархе, ки газфурӯшҳои ин ноҳияи шимоли Тоҷикистон барои як литр талаб мекунанд, аз нархҳо дар навоҳии дигари кишвар ҳудуди 15% арзонтар аст
ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Нархи як литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ноҳияи Ашт 5,3 сомонӣ муқаррар шудааст, ки дар муқоиса бо арзиши газ дар навоҳии дигар 1-1,3 сомонӣ арзонтар мебошад.
Феълан як литр газ дар навоҳии дигари Суғд ва вилояти Хатлону шаҳри Душанбе бо арзиши 6 то 6,3 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Тоҷирони се нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Ашт, ки бахши аъзами аҳолии ин ноҳия гази моеъ барои мошинҳояшонро умдатан аз он нуқтаҳо мегиранд, изҳор медоранд, ки ҳатто бо чунин нархи нисбатан арзон низ даромади кофӣ барои таъминоти ниёзҳояшонро ба даст меоранд.
Пассажиры в маршрутке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Дар Хуҷанд қимати роҳкиро боз 25% баланд шуд: сабаб
Масъулини ин нуқтаҳо аз ироаи тафсилот, ки чаро нархҳояшон нисбати дигар ноҳияҳо поинтар аст, худдорӣ намуданд. Танҳо ҳамин қадар мегӯянд, ки "аз ин ки нархи моли онҳо арзон аст, зиён намекунанд, балки кам ҳам бошад фоида ба даст меоранд".
Бино ба мушоҳидаҳо, ҳоло дар аксари шаҳру навоҳии мамлакат қимати як литр бензини навъи АИ 95 11,3 сомонӣ, АИ 92 10, 8 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 11, 8 сомонӣ ва як литр гази моеъ бо нархи 6-6,3 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Тоҷикистон ниёзашро ба маводи сӯхт аз ҳисоби воридот таъмин мекунанд. Асосан ин навъи маҳсулот ба кишвар аз Русия ва Қазоқистон ворид мегардад. Ҳамасола ҳукумати Русия миқдори муайяни маҳсулоти нафтиро муқаррар мекунад, ки бидуни пардохти боҷи содиротӣ ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0