Рустами Эмомалӣ ба Туркманистон рафт

© Маджлиси Милли Маджлиси Оли Республики ТаджикистанПредседатель Собрания народных депутатов города Душанбе Рустам Эмомали
Председатель Собрания народных депутатов города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ҷараёни сафари расмӣ ба Туркманистон Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои парлумон, роҳбари дастгоҳ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Туркманистон рафт.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода хабар дод.
Рӯзи 11 май сафари расмии раиси шаҳрдории Душанбе аз Ишқобод оғоз шуд.
"Ҳадафи сафари расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисто ба Туркманистон ширкат дар форуми банимарлумонии кишварҳост", - афзуд манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод Рустами Эмомалиро муовини раиси Халқ Маслиҳати Миллӣ Генгеши Туркманистон, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва дигар намояндагони расмии ин кишвар истиқбол гирифтаанд.
Гуфта мешавад, дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳо ва роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Мулоқоти ҳайати парлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Аз имзои созишномаи ҳамкорӣ то вазъи Афғонистон: тафсилоти сафари Рустам ба Озарбойҷон
Маврид ба зикр аст, ки ин сафари чаҳоруми хориҷии шаҳрдори Душанбе мебошад.
Қаблан ӯ ба Русия, Қазоқистон ва Озарбойҷон сафарҳои расмӣ дошт.
Ёдовар мешавем, ки дар авохири соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз Ашқобод дидан карда буд.
Президенти кишвар дар маҷлиси машваратии сарони давлатхои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар пойтахти Туркманистон барпо гардид, иштирок кард.
Лентаи хабарҳо
0