Рустами Эмомалӣ ба Бердимуҳаммадов дуруди Раҳмонро расонду ҳамкориҳоро баррасӣ кард

© Госдума РФГлава парламента Таджикистана Рустам Эмомали
Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе бо президенти собиқи Туркманистон ҳамкориҳои кишварҳоро баррасӣ карда, хостори беҳтар шудани равобит дар арсаи фарҳанг ва маориф шуд
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Қурбангулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кардааст, хабар медиҳад сухангӯи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода.
Дар оғози мулоқот Рустами Эмомалӣ Бердимуҳаммадовро ба муносибати оғози фаъолияташ ба ҳайси раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон табрик карда, ба ӯ дуруди бародарона ва таманниёти неки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонидааст.
Дар мулоқот таъкид шудааст, ки раванди рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳоло дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ хуб ҷараён дорад.
Таджикский алюминиевый завод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Тоҷикистон як харидори умедбахши алюминийро ба даст овард
Ҳамзамон дар мулоқот дурнамои робитаҳои байнипарламентӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон, инчунин ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва масъалаҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ гардидааст.
Ҷонибҳо ҳамзамон аз густариши равобити тиҷорӣ тайи солҳои ахир гуфта, ҷиҳати густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ пешниҳод гардид, ки миқдори бурсияҳои таълимӣ аз ҳар ду ҷониб зиёд карда шуда, масъалаи ташкили Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон дар вақтҳои наздик мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дар робита ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии муштараки мавқеъҳо доир ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон ташаббуси роҳбарияти Туркманистонро оид ба таҳияи стратегияи СММ, ки ба татбиқи чораҳои энергетикаи камкарбон нигаронида шудааст, дастгирӣ менамояд.
Лентаи хабарҳо
0