Сел киштзорҳои шарқи Тоҷикистонро зер кардааст

© КҲФБартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Селоба садҳо метр канали обёриро тахриб карда, дар ноҳияи Нуробод заминҳои киштро обу лойқа зер кардааст. Мақомот аз эҳтимоли идомаи селхезӣ ҳушдор медиҳанд
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Бар асари борони шадид дар ноҳияи Нуробод селхезӣ рух додаст, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.
Ба иттилои КҲФ, сел ё бо обу лойқаи сарозершуда наздик ба 4 гектар заминҳои кишти сокинони деҳаи Сари Қошро зер кардааст.
Манбаъ таъкид кард, ки ҳамчунин 800 метр канали обёрии "50-солагии Тоҷикистон", ки заминҳои хоҷагии Хумдонро бо об таъмин мекард, тахриб шудаст.
Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ мегӯянд, ҳавои номусоид дар ҷумҳурӣ то16 майи соли равон боқӣ мемонад.
Сел дар Даштак. Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Аз Ашт то Айнӣ: мақомот гуфтанд, ки дар Суғд чанд шаҳру ноҳияи селхез вуҷуд дорад
Манбаъ аз боронгариҳои шадид, боди сахт, жола ва раъду барқ ҳушдор додааст, ки метавонад хисороти моддию ҷонӣ дар пай гузорад.
Гуфта мешавад, бар асари ҳавои номусоид дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ сатҳи об дар рӯдхонаҳо метавонад якбора боло шавад, хатари селҳои харобкор, лағзиши тарма, ярч, резиши санг вуҷуд дорад.
Дар ҳамин ҳол кумита аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки муваққатан аз ҷамъоварии ҳезуму дору, занбурӯғ, моҳидорӣ ва чорвочаронӣ, шикор худдорӣ кунанд.
Илова бар ин кумита тавсия додааст, ки ҳангоми раъду барқ аз зери симчӯбҳо ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ дур шуда, телефон ва таҷҳизоти барқиро набояд истифода бурд.
КҲФ ба ронандагон тавсия додаст, ки суръатро баланд накунанду чун ҳамеша аз аҳолӣ хоҳиш мекунад қабл аз оғози боронҳо ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо, сангу рег тоза кунанд.
Лентаи хабарҳо
0