Таъйини намояндаи нави ҳукумати Тоҷикистон дар Хоруғ

 Шерали Кабиров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тарҳҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зери назари намояндаи ҷадиди ҳукумати марказӣ амалӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон намояндаи нави ҳукумат дар шаҳри Хоруғ таъйин гардидааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Хоруғ дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.
Ҳадаф аз таъйиноти Шералӣ Кабир рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғ ва таҷлили сазовори 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзёбӣ шудааст.

"Ҳамзамон барои татбиқи амалии рушди соҳаи саноат дар маркази маъмурии ВМКБ барои панҷ соли оянда вазири саноат ва технологияҳои нави Шералӣ Кабир - намояндаи ҳукуматии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ таъйин гардид", - омадааст дар иттилоия.

Шаҳрдории Хоруғ ин иқдомро чун дастгирии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тасвир карда афзудаст, ки дар ҳамкорӣ бо Шералӣ Кабир барои ояндаи Хоруғ камари ҳиммат мебанданд.
Генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Қасди генерал Назарзода барои ҳалли мушкилоти Хоруғ: ӯ аз мардум дастгирӣ хост
Шералӣ Кабир, ки аз моҳи ноябри соли 2020 то ҳол вазири саноату технологияҳои ҷадид мебошад, 22 ноябри соли 1971 дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, соли 1992 Донишкадаи савдои советӣ-кооперативии шаҳри Новосибирски Русия ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратию кооператвии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва дипломи аъло хатм кардааст.
Ӯ қаблан дар "Ориёнбонк" фаъолият карда, соли 2007-ум ба мақоми мудири молия ва тиҷорати Ширкати алюминиуми Тоҷикистон таъйин шуд. Аз соли 2015 то таъйинаш ба мақоми вазири саноат дар вазифаи раиси Шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомии "Ширкати алюминий тоҷик" буд, ки ҳудуди даҳ зерширкатро дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0