Тоҷикистон аз хориҷ чӣ харид?

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Афзоиши воридоти мол қариб дар ҳамаи бахшҳои калидӣ ҷой дорад. Хариди бархе анвои мол тайи як сол қариб як баробар боло рафтааст
Дар соли 2021 Тоҷикистон воридоти молро то ба 4,2 млрд доллар расонд, ки дар қиёс бо нишондоди соли 2020 ҳудуди як млрд доллар бештар аст.
Бар асоси тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон, нисбатан зиёд маҳсулоти маъданӣ ворид карда шудааст, ки 16%-и ҳаҷми умумии молҳои воридотиро ташкил медиҳанд. Маблағи ин навъи маҳсулот 692,3 млн доллар мебошад, ки дар қиёс бо соли 2020 ҳудуди 34% зиёд мебошад.
Вуруди мошину таҷҳизоти гуногун ба андозаи 90% зиёд гардида, дар зинаи дуюм ҷой гирифтааст. Маблағи дастгоҳу таҷҳизот муодили 657,1 млн доллар мебошад.
Дар радаи сеюм хариди металҳои ғайриқиматбаҳо ҷой дорад, ки арзиши умумияшон 404.4 млн доллар, 19% бештар дар қиёс бо соли гузашт мебошад.
Ҳаҷми додугирифти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон маълум шуд
Воситаи нақлиёту кимиё мутаносибан ба маблағи 381,6 ва 357,5 млн доллар вориди Тоҷикистон шудаанд. Дар зимн хариди маҳсулоти кимиёӣ аз хориҷ 8% ва автомобилҳо дар қиёс бо соли 2020-ум ба андозаи 70% зиёд гардидааст.
Дар баробари ин воридоти бархе аз намуди молҳо дар соли 2021-ум дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла вуруди глинозем ба 54,5 млн доллар расидаст, ки дар муқоиса бо нишондоди соли қабллӣ 39% кам аст. Вуруди маҳсулоти чорво то ба 46,9 млн доллар поин фаромадаст, ки аз ҳаҷми соли 2020-ум 18% кам аст.
Дар мавриди коҳиши бархе анвои маҳсулоти хоҷагирдорӣ таъкид мегардад, ки ин ҳолат ба далели афзоиши тавлидоти дохилӣ ва ҳифзи истеҳсолкунандагони ватанӣ ба вуҷуд омадааст.
Лентаи хабарҳо
0