Намояндаи "Газпром": Украина эътимоднокии интиқоли газ ба Аврупоро поин бурд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксТрубопровод Gazela для транспортировки российского газа в ЕС
Трубопровод Gazela для транспортировки российского газа в ЕС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар пайи монеагузориҳои Украина интиқоли газ ба Аврупо коҳиш меёбад. Аз ҷумла ҳаҷми газе, ки Олмон дастрас кардаст, дар қиёс бо рӯзи гузашта камтар шудааст
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Украина барои интиқоли гази Русия аз тариқи қаламраваш танҳо як роҳи баромад боқӣ гузоштааст, хабар дод намояндаи расмии "Газпром" Сергей Куприянов аз тариқи телевизиони "Россия 24".
"Боқӣ гузоштани танҳо як баромад барои интиқоли гази Русия ба Аврупо ба таври назаррас муътамадии таъминоти газро поин мебарад", - гуфт ӯ.
Куприянов таъкид кард, ҳаҷми газе, ки феълан ба Олмон интиқол ёфта истодааст, дар қиёс бо нишондиҳандаҳои рӯзи қабл 25% камтар мебошад.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, Маскав то ҳол шарҳи ҷониби Украинаро дар мавриди ҳолати "форс-мажор" зимни интиқоли газро дастрас накардааст. Ӯ изҳор дошт, ки Русия ҳамеша уҳдадориҳояшро иҷро кардаасту дар оянда низ пойбанди онҳо хоҳад буд.
Газодобывающее предприятие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Шарҳи Кремл дар бораи иқдоми Украина алайҳи интиқоли газ ба Аврупо
Маврид ба зикр аст, ки идораи интиқоли гази Украина рӯзи 10-уми май ширкати "Газпром"-ро огоҳ кардааст, ки ба далели "форс-мажор" интиқоли газ аз тариқи нуқтаи "Сохрановка"-ро аз 11 май қатъ мекунад.
Намояндаи расмии "Газпром" гуфт, ширкат ҳаққи интиқоли газ аз тариқи қаламрави Украинаро пурра пардохт карда, уҳдадориҳояшро дар назди мизоҷони аврупоӣ иҷро намуда истодааст.
Ҳамзамон аз ширкати "Нафтогаз"-и Украина низ огоҳинома гирифта шудааст, ки дар сурати идомаи интиқоли газ аз ҷониби Русия ба нуқтаи "Сохрановка" ҳаҷми интиқоли газ дар нуқтаҳои баромади он мутаносибан кам карда мешавад.
Ҷониби Украина пешниҳод кардаст, ки ҳаҷми интиқол аз тариқи нуқтаи "Суҷа" зиёд карда шавад.
Аммо ҷониби "Газпром" мегӯяд, аз рӯйи тарҳи интиқолӣ, аз нигоҳи технологӣ, имкон надорад, ки интиқоли газ ба нуқтаи "Суҷа" гузаронда шавад ва созишномаи ҳамкорӣ аз моҳи декабри соли 2019-ро далел оварда, таъкид намудааст, ки ҷониби Украина аз ин хуб огоҳ аст.
Лентаи хабарҳо
0