Байден барномаи низомӣ-биологии Амрико дар Украинаро идора мекард

© MANDEL NGANПрезидент США Джо Байден
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, соли 2005 роҳбарияти ИМА бо Украина созишномаи шарикӣ баст ва ба татбиқи барномаҳои низомии биологӣ дар ин кишвар шуруъ кард
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Президенти Амрико Ҷо Байден кори барномаи низомӣ- биологии ИМА дар Украинаро ҳамоҳанг кард. Дар ин бора Игор Кириллов, сардори нерӯҳои радиатсионӣ, кимиёӣ ва биологии қувваҳои мусаллаҳи Русия дар брифинг изҳор дошт.

"Роҳбарони Ҳизби демократӣ идеологҳои фаъолияти низомию биологии Иёлоти Муттаҳида дар Украина мебошанд", - гуфт генерал.

Ба гуфтаи вай, дар аввал заминаи қонунгузорӣ барои маблағгузории тадқиқот мустақиман аз ҳисоби буҷети федералӣ таъсис дода шуд. Барои ин бо кафолати давлат маблағҳои созмонҳои ғайридавлатии таҳти назорати Ҳизби демократиро ҷалб карданд.
Барак Обама, раисҷумҳури собиқи Амрико "соли 2005 бо Украина созишномаи шарикӣ баст, то ба иҷрои барномаҳои низомии биологӣ дар ин кишвар шуруъ кунад."
Дар навбати худ Ҳиллари Клинтон, вазири собиқи умури хориҷии Амрико, "ба ташаббуси қабули стратегияи Амрико барои муқовимат ба таҳдидҳои биологӣ ва қонунӣ шудани таҳқиқоти дуҷониба саҳм гузоштааст".
Ҷо Байден, раиси кунунии Кохи сафед ба ҳайси ноиби президент дар замони Обама "фаъолияти барномаи биологии низомиро ҳамоҳанг мекард ва дар тақаллуби молӣ дар Украина даст дорад".
Джо Байден и его сын Хантер Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Писари Байден озмоишгоҳҳои биологии амрикоиро дар Украина маблағгузорӣ мекард
Илова бар ин ширкатҳои фармасевтӣ дар ин нақша ширкат мекунанд, аз ҷумла "Pfizer", "Moderna" ва "Merck"-и амрикоӣ, инчунин "Gilead", як ширкати вобаста ба Департаменти низомии ИМА, шарҳ дод Кириллов.
Ин ба коршиносони амрикоӣ имкон медиҳад, ки ҳангоми озмоиши доруҳои нав аз стандартҳои байналмилалии бехатарӣ канорагирӣ кунанд.
Қаблан мутахассисони Вазорати дифоъ аз ду озмоишгоҳи биологӣ дар Мариупол дидан карда, дар он ҷо осори тахриби изтирории аснодро пайдо карда буданд. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар Украина як шабакаи беш аз 30 озмоишгоҳи биологӣ ташкил шудааст, ки ба манфиати Иёлоти Муттаҳида кор мекард, аммо пас аз оғози амалиёти вижаи Русия ҳама чизҳои зарурӣ барои идомаи барномаи биологии низомӣ аз байн бурда шуданд.
Вазорат ба хулосае омад, ки Украина, воқеан, ба як озмоишгоҳи Пентагон барои таҳияи ҷузъҳои силоҳи биологӣ ва озмоиши намунаҳои нави дорусозӣ табдил ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0