Аврупо шарти Путинро мепазирад

© Sputnik / СтрингерГазодобывающее предприятие
Газодобывающее предприятие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Обуна шудан
Хабаргузориҳои ғарбӣ аз муштариёни нави бонкҳои Русия бо наздик шудани муҳлати пардохти гази ин кишвар бо рубл гузориш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Иловатан 10 харидори дигари гази Русия дар Аврупо дар "Газпромбонк" суратҳисоб боз кардаанд ва шумораи муштариёне, ки мехоҳанд, ин манобеи энержиро бо рубл пардохт кунанд, дучанд шудааст.
Дар ин бора "Bloomberg" бо такя ба як манбааш гузориш медиҳад.
"Дар маҷмуъ 20 ширкати аврупоӣ суратҳисоб боз кардаанд, 14 ширкати дигар барои боз кардани онҳо асноди заруриро дархост мекунанд", - омадааст дар матлаб.
Аммо дар нашрия номи ширкату созмонҳо оварда нашудааст.
Премьер-министр Италии Марио Драги  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Нахуствазири Итолиё гуфт, Олмон пардохти пули газро бо рубл шуруъ кардааст
Қаблан ширкати нафту гази Лаҳистон PGNiG эълон карда буд, ки 27 апрели соли ҷорӣ аз "Газпром" дар бораи қатъи пурраи интиқоли газ огоҳӣ гирифт, зеро Лаҳистон аз пардохти пули манобеи энержӣ бо рубл худдорӣ кардааст.
Ширкати булғории "Булғоргаз" ҳам шартҳои навро дастгирӣ накард ва аз гази Русия маҳрум шуд, аммо интиқол тавассути ин кишвар ба Аврупо идома дорад.
Дар пасманзари ин хабар воридкунандагони гази Русия дар Аврупо чанд ҳафта боз механизми пардохтро коркард мекунанд, то бо рубл пардохт кунанд ва таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупоро нақз накунанд.
Ҳамзамон ахиран Марио Драги, нахуствазири Итолиё расман гуфт, ки Олмон аллакай маблағи интиқоли гази Русияро бо рубл пардохт кардааст.
"Ҳеҷ кас нагуфтааст, ки пардохти рубл таҳримҳоро вайрон мекунад ё на, ин як минтақаи ҳоил аст. Бузургтарин воридкунандаи газ, Олмон аллакай бо рубл пардохт кардааст ва аксари воридкунандагон ҳисобҳоро бо рубл боз кардаанд", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи 23 март дар бораи интиқоли пардохтҳои гази табиӣ ба Иттиҳодияи Аврупо ва дигар кишварҳое, ки алайҳи Федератсияи Русия таҳримот ҷорӣ кардаанд, ба рубл эълон кард.
Ӯ ба хотири даст кашидан аз истифодаи доллар, евро ва як қатор асъорҳои дигар чунин чораҳоро андешид.
Путин фармони дахлдорро рӯзи 31 март имзо кард. Вай эълом дошт, ки Русия дар сурати иҷро накардани уҳдадориҳои қарордодҳои газ аз ҷониби кишварҳои бегона, агар аз 1 апрел бо рубл пардохт накунанд, чораандешӣ хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0