Боздошти раис барои қаллобӣ: Оҷонсӣ гуфт, ӯ ба заминфурӯшӣ даст задааст

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони в конверте, архивное фото
Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Обуна шудан
Раиси ҷамоате дар шимоли кишвар барои фурӯши замин пас аз гирифтани маблағ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, алайҳаш парванда боз шудааст
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон раиси Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Аштро боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар вазифаи раиси ҷамоати мазкур кор карда, дар давраи фаъолияташ даст ба қаллобӣ задааст.
Гуфта мешавад, дастгиршуда бо мақсади ба даст овардани даромади муфт бо истифода аз ваколати мансабияш барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,08 га аз шаҳрванд “А” 10.000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 5000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимондаи маблағ, 5000 сомониашро талаб намудааст.

"Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони агентӣ Ҳабибуллоев А.Н. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дастгир карда шуд", - афзуд манбаъ.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳамакнун раиси собиқи ҷамоат бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои "в", "г", Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Расширенное заседание Правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Президент: Муовини раис ва 25 мансабдори Ёвон гурӯҳи ҷиноӣ созмон доданд
Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷарима ба андозаи 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 соли зиндон, бидуни ҳуқуқи ишғоли мақомҳои муайян то 5 солро пешбинӣ кардааст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли равон 64 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Назари худи муттаҳам ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод ахиран бо иттиҳоми қаллобӣ раҳбари як ҷамоатеро дар ноҳияи Кӯшониён боздошт карда буд.
Оҷосӣ гуфт, боздоштшуда барои ғайриқонунӣ додани замин аз як шаҳрванд 35 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Лентаи хабарҳо
0