Ҳушдори Чин ба Ғарб аз авоқиби тавсеаи НАТО

Города мира. Шанхай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нашрияи “Xinhuanet”-и Чин навиштааст, ки тавсеаи НАТО, ҳамчунин пайвастани Шветсия ва Финландия ба ин созмон барои Аврупо авоқиби хатарнок дорад
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳамроҳ шудани Шветсия ва Финляндия ба НАТО мустақиман ба амнияти Русия таҳдид намуда, ба коҳиши шиддат дар Аврупо мусоидат нахоҳад кард, гуфта мешавад дар матлаби “Xinhuanet”, ки сомонаи расмии низомии Чин “China Military” онро бо забони англисӣ тарҷума кардааст.
Агар Финландия ва Шветсия ба НАТО дохил шаванд, ин ҳисси ноамнии Русияро боз ҳам зиёдтар мекунад ва иқдомҳои дахлдори ҷавобиро ба вуҷуд меорад.
Ин иқдом метавонад вазъияти амниятӣ дар Аврупоро боз ҳам бадтар кунад.
Нашрия таъкид кардааст, ки тавсеаи НАТО фазои стратегии Русияро танг мекунад.
Города мира. Пекин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Чин: Касе Ҷанги сеюми ҷаҳониро намехоҳад
Ба гуфтаи рӯзноманигорони чинӣ, НАТО дар пасманзари авҷ гирифтани муноқишаи Украина ба оташ рӯған мерезанд. Сиёсатмадорони ғарбӣ аз буҳрони Украина барои заиф кардани Русия истифода мекунанд.
Мақомоти Шветсия ва Финландия дар пасманзари амалиёти вижаи Русия дар Украина дар бораи эҳтимоли даст кашидан аз бетарафии дарозмуддати худ ва пайвастан ба НАТО изҳори назар карданд.
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО аз ин ииқдоми кишварҳо пуштибонӣ кард ва ваъда дод, ки ҳар ду кишвар метавонанд зуд ба ин созмон ҳамроҳ шаванд.
Кремл пайвастани Шветсия ва Финландия ба ин паймонро як таҳдид ба мавҷудияти ин кишвар хонд. Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия наздикшавии НАТО ба марзҳои Русия ҷаҳон ва бахусус қитъаи АвруОсиёро устувору амнтар намесозад.
Лентаи хабарҳо
0