Ишқобод мизбони ҳамоиши занони Осиёи Марказӣ ва Русия мешавад

© Sputnik / Рамиль СитдиковМонумент Независимости Туркменистана в Ашхабаде, архивное фото
Монумент Независимости Туркменистана в Ашхабаде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Обуна шудан
Инчунин дар ин ҷумҳурӣ форуми қонунгузорон дар доираи муколамаи бисёрҷонибаи байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дар пойтахти Туркманистон Анҷумани байнипарлумонӣ ва муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор мешавад.
Рӯзҳои 12-13 май ду форуми қонунгузорон ва занони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор мешавад. Ин чорабиниҳо бо ташаббуси раисҷумҳури собиқи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор мешаванд.
Ба бовари коршиносон, ташкили муколамаи мустақими бисёрҷонибаи байнипарлумонӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия барои густариши ҳамкориҳо дар ин шакл дурнамои бузургро боз мекунад.
Ин махсусан ба масъалаҳои таъмини сулҳ, тараққиёти устувор ва ҳалли мушкилиҳои муҳимтарини иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ дахл дорад.
Город Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2022
Иқдом барои афзоиши занони роҳбар дар ВМКБ
Солҳои охир чунин формати гуфтушунид, монанди "Муколамаи занон" самарабахшии худро нишон дод.
Ин платформаи нави машваратии ғайрирасмӣ қобилиятҳои худро дар соли 2021 дар ҳошияи ҷаласаи машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар минтақаи миллии сайёҳии "Аваза" ба таври рӯшан намоиш дод.
Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия бо ҳадафи мусоидат ба тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ, таҳкими эътимод ва ҳамдигарфаҳмии байни мардум, дастгирии талошҳои ҳукуматҳо барои пешбурди баробарии гендерӣ, тавонмандсозии занон дар Осиёи Марказӣ ва Русия пешбинӣ шудааст.
Интизор меравад, ки дар Анҷумани байнипарлумонӣ ва Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия масоили тақвияти нақши парлумонҳои миллӣ ва созмонҳои занон дар ҳалли масъалаҳои мубрами замони муосир баррасӣ шавад.
Лентаи хабарҳо
0